ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 3 сентябр, якшанбе, 246-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 119 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 3, 2017 08:00

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

3 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария суханронӣ карда буданд.

***

3 сентябри соли 2001 дар саросари Тоҷикистон тангаҳои арзиши 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25 ва 50 дирамӣ ба муомилот бароварда шуданд.

***

7 сол қабл, 3 сентябри соли 2010  фурудгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърўзаи таҳлилӣ — «Натиҷаҳои фаъолияти 20–солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо баррасӣ шуда буданд.

3 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи авиатсияи тоҷик.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи гвардияи миллӣ.

***

 Дар Австралия – Рӯзи парчам.

***

Дар Қатар – Рӯзи истиқлолият.

 

РӮЙДОДҲО:

 

3 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дӯстонаи артиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд.

***

3 сентябри соли 1910 дар Венгрия клуби футболи «Гонвед» таъсис дода шудааст.

***

Зиёда аз як аср муқаддам, 3 сентябри соли 1914 ИМА бетарафии худро нисбат ба чанги якуми ҷаҳон эълон кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1914 Олмон ба зидди Франсия ҷанг эълон кард.

***

3 сентябри соли 2003 Майк Тайсон муфлис шуданашро эътироф кард.

 

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 

Соли 1933 аввалин маротиба қуллаи баландтарини собиқ ИҶШС- қуллаи Сталин (ҳоло қуллаи Исмоили Сомонӣ-7495 м) аз ҷониби   кӯҳнавардон фатҳ гардид.

***

Соли 1924 аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гандбол баргузор гардида буд.

 

Сентябрь 3, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш