ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 сентябр, душанбе, 247-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 118 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 4, 2017 10:38

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муҳташами варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони ду бинои боҳашамати маъмурӣ санги асос гузошта шуда буд.

***

4 сентябри соли  2013 дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи инноватсионии тиббӣ ифтитоҳ ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ назир надошт.


4 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи китоб.

***

Рӯзи байналмилалии таэквондо.

***

Дар Аргентина — Рӯзи муҳоҷират.

***

Дар Молдова – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.

 

РӮЙДОДҲО:

4 сентябри соли 1960 сохтмони қисми якуми корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе оғоз гардида буд. Ин корхона ҳоло «Сементи тоҷик» ном дорад, ки дар замони шӯравӣ дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол мекард.

***

4 сентябри соли 1881 баландтарин ҳарорати ҳаво дар қитъаи  Аврупо дар Испания ба қайд гирифта шудааст, ки +50,0°С – ро ташкил медод.

***

129 сол муқаддам, 4 сентябри соли 1888 Ҷорҷ Истмен  барои бақайдгирии тамғаи тиҷоратии «Kodak» патент ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1998 ширкати «Google» таъсис дода шудааст.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2006 дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии кӯдакону наврасон- «Бахористон» ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Сентябрь 4, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш