Таъйиноти кадрӣ
ДУШАНБЕ, 26.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунанда ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонов Акрам бо сабаби ба нафақа баромаданаш, Паноев Суҳроб ва Воҳидов Фарҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Бо қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихонов Зубайдулло, Мирзоев Нусратулло ва Мирзонаботов Алишер — муовинони Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсов Ҷумъахон аз вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Бегназаров Амирбек муовини якуми Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе амалӣ гардид.








Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






