“ТИЛЛОИ САБЗ”-и ТОҶИКИСТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕМ! 17 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал таҷлил карда мешавад

Сентябрь 17, 2017 08:06

ДУШАНБЕ, 17.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони хоҷагии ҷангал таҷлил мегардад, ки он имсол ба 17 сентябр рост омадааст.

Ҷангалзорҳо – яке аз боигариҳои асосии табиат маҳсуб меёбанд. Агар пахта “тиллои сафед” ва нафт “тиллои сиёҳ” бошанд,  ҷангалро “тиллои сабз” меноманд. Зеро арзиши он воқеан ба тилло баробар аст. Ҷангал – ин манбаи оксиген ва ҳавои тоза, манбаи меваю хушкмева, дорую гиёҳҳои шифобахш мебошад. Аз чӯби ҷангал биноҳо месозанд, қоғаз, асбобҳои мусиқӣ, қалам, гӯгирдчӯб истеҳсол мекунанд ва ғайра. Дарахтон муҳитро солиму серун мегардонанд, пеши роҳи вайроншавии соҳилҳо, пеши роҳи бодҳо ва чангу ғуборро  мегиранд. Аз ин лиҳоз ҷангал яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон низ мебошад.

Шодибек КурбоновОид ба  бунёд ва барқароркунии ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  муовини сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодибек Қурбонов дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:

«Бунёд ва барқароркунии ҷангал яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал ба ҳисоб меравад. Тайи даҳсолаи охир хамасола мувофиқи нақша аз 1900 то 2000 гектар ҷангалҳои нав бунёд ва барқарор карда шуданд, ки аз ин миқдор наздик ба 900 гектарашро дарахтони мевадиҳандаи писта, чормағз, себ, олуча ва ҳуч ташкил медиҳанд».

Шодибек Қурбонов аҳамияти ҷангалзорро дар ҳифзи муҳити зист  махсус зикр намуда, оид ба захираҳои иловагии он чунин гуфт: «Ба захираҳои иловагии ҷангал ҳезум, хушкмева, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, писта, чормағз ва дигар   маводи хӯрокворие, ки дар заминаҳои фонди давлатии ҷангал мавҷуданд, дохил мешаванд. Ҳар сол хоҷагиҳои ҷангал дар ҳаҷми 3 – 3, 5  миллион   сомонӣ аз ҳисоби маҳсулоти ҷамъоваришуда даромад ба даст меоранд».

Тавре маълум аст, аҳолии деҳоти Тоҷикистон қисман барои сохтмони хона ва зимистонгузаронӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ҳезум истифода мебаранд. Вале тибқи талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бе иҷозат ва худсарона буридани дарахтон бо мақсади гирифтани чӯби сохтмонӣ қатъиян манъ карда шудааст. «Қисмати зиёди ҷангалҳои Тоҷикистонро арчазор ташкил медиҳад, ки буридани он манъ аст, вале дар доираи  қонунгузорӣ мо ҳар сол, тибқи меъёрҳои муайянгардида ва солимгардонии ҷангалзор буриши санитарӣ гузаронида, то 10 ҳазор метри кубӣ, аз ҷумла 7 ҳазору панҷсад метри кубӣ ҳезум ва 2 ҳазору 500 метри кубӣ шох тайёр мекунем, ки он асосан ба мактабҳои миёна, беморхонаҳо, қисмҳои ҳарбие, ки дар сарҳади заминҳои фонди давлатии ҷангал мавҷуданд, дода мешавад»,- гуфт Шодибек Қурбонов  ва илова намуд, ки «қисмати дигари ҳезуме, ки тайёр карда мешавад, барои истифодаи даҳмардаҳо дар чарогоҳҳо пешбинӣ гардидааст. Арзиши 1 метри кубӣ ҳезуме, ки дар хоҷагиҳои ҷангал тайёр карда мешавад, 104 сомонӣ ва шох 52 сомониро ташкил медиҳад».

Буридани дарахтонҲамсуҳбати мо дар робита  ба  ҳолатҳои  қонуншиканӣ дар  муносибат ба  ҷангалзор ва андозаи ҷарима гуфт: “То 1 сентябри соли 2017 аз тарафи нозирони давлатии ҳифзи ҷангал 771 ҳодисаи вайронкунии тартиботи соҳаи ҷангал ошкор карда шудааст, ки аз ин миқдор 494 ҳодиса ба дарахтбурӣ рабт дорад. Дар доираи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки ба ин кор даст мезананд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба андозаи зарари расонидаашон ҷарима карда мешаванд. Аз ҳамин ҳисоб, то имрӯз зараре, ки ба хоҷагии ҷангал расонида шудааст, 185 ҳазору 51 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он  112 ҳазору 927 сомонӣ, ё ин ки 62% барқарор карда шудааст. То ин дам 494  ҳолати худсарона ба дарахтбурӣ даст задани шаҳрвандон ошкор гардида, аз онҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 93 ҳазору 630 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст».

Тавре зикр намудем, яке аз  сабабҳои ба амал омадани чангу ғубор — ин буриши берабт ва аз ҳад зиёди дарахтону ҷангалзор мебошад. Барои пешгирии ин амал чӣ тадбирҳо андешида мешаванд? Ба ин савол Шодибек Қурбонов  чунин посух дод: «Дар ҳақиқат ҷангалзор барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор эмин нигоҳ доштани табиат саҳми калон дорад. Барои роҳ надодан ба худсарона буридани дарахтон дар ҳайати сохторҳои Агентии хоҷагии ҷангал 800 нафар нозирони давлатии ҷангал ва 120 нафар нозирони ҷамъиятии ҷангал ҷалб гардидаанд, ки онҳо ҳамеша барои пешгирии дарахтбурии худсарона корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мебаранд».

«Вазифаи асосии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизати олами ҳайвоноту наботот мебошад ва  барои зимистонгузаронии онҳо ҳамеша аз ҷониби агентӣ корҳои зарурӣ ба анҷом расонида мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи нақша аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ барои захираи хӯрокаи олами ҳайвонот равона карда мешавад. Омода кардани 100 — 150 тонна навдаи дарахтон, резаи гандум, гузоштани намак, тоза кардани чашмаҳо ва сохтани паноҳгоҳҳо барои парандагоне, ки дар зимистон аз баландӣ ба пастӣ мефароянд, корҳои нақшавии Агентӣ мебошанд ки сари вақт иҷро карда мешаванд»,- иброз дошт Шодибек Қурбонов, муовини сардори Бозрасии давлатии ҷангал ва шикори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ “Ховар”

Сентябрь 17, 2017 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд