ТОҶИКИСТОН ДАР ДОИРАИ БРИКС: Қадами нав дар роҳи эътибору нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон (Дар ҳошияи нишасти навбатии БРИКС)

Сентябрь 1, 2017 11:55

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўзҳо дар сархати тамоми расонаҳои ҷаҳон баргузории нишасти навбатии БРИКС қарор гирифтааст, ки 3-5 сентябр дар Чин мегузарад.

28 августи соли равон сафири Россия дар Чин Андрей Денисов дар брифинги махсус ба расонаҳои бузурги байналмилаливу русӣ гузориш пешниҳод намуд, ки саммити навбатии БРИКС дар шаҳри Сиямени музофоти Футсзияни Чин баргузор мешавад. Мизбони ин ҳамоиш аз тамоми ҷаҳон роҳбарони панҷ давлатро ба таври интихобӣ ба ин нишаст ҳамчун меҳмонони хос даъват намудааст. Андрей Денисов, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар ин ҳамоиш Осиёи Марказиро Тоҷикистон намояндагӣ хоҳад кард. Ин аст, ки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Мексика, Гвинея, Таиланд ва ҶМА аз ҷумлаи он кишварҳои ба ин саммит даъватшуда гардиданд, ки барои ҳар кадоме аз онҳо ин иштирок манфиати хосу арзиши баланд дорад.

Бо ин ҳадаф дар оғози моҳи сентябри соли равон сафари Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳамоиши нуҳуми давлатҳои узви БРИКС сурат гирифт, ки саҳифаи нав дар мавриди эътибору нуфузи байналхалқии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таърих ва моҳияти БРИКС

БРИКС-0БРИКС (BRICS) аз панҷ кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ босуръат инкишофёбандаи Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ иборат аст.  Дар оғоз ин ниҳод БРИК ном дошт, ки дар доираи форуми иқтисодии Петербург соли 2006 бо иштироки вазирони иқтисоди Бразилия, Россия, Ҳиндустон ва Чин таъсис ёфта буд. Баъди ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (соли 2010) он ба БРИКС табдил ёфт. Мафҳуми БРИКС аз ҳуруфи забони англисӣ таркиб ёфтааст. (Brazil, Russia, India, China, South Africa). Ин ифодаи мухтасаршуда соли 2001 аз ҷониби таҳлилгари бонки  Goldman Sachs Ҷим Онил пешниҳод шудааст. БРИКС бо садодору оҳангдор будани худ диққати ҷаҳониёнро ҷалб кардааст ва дар тобиши дигари худ дар забони англисӣ «брикс» маънии «хиштҳо»-ро низ дорад. Яъне «хиштҳои иқтисодии ҷаҳон», ки онҳоро чанд кишвари асосӣ ташкил медиҳанд.

БРИКС бо моҳият ва мавқеи ҷаҳонии худ торафт неруманд мегардад, чун СҲШ созмони сиёсиву ҳарбӣ намебошад. Фаъолияти ин гуна созмонҳо бо назардошти дурнамои иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои алоҳида ба роҳ монда мешавад. Мақсади БРИКС табодуди таҷрибаҳову ба роҳ мондани робитаҳои судманди иқтисодӣ ба шумор меравад. Кумак ба ҳамдигар, коркарди лоиҳаҳои муҳим, дастгириҳои машваративу амалӣ ва амсоли он шеваи фаъолияти БРИКС-ро ташкил медиҳанд. Аз соли 2009 инҷониб ҳамасола нишастҳои ин созмон  баргузор мешаванд. БРИКС блоки иқтисодие ҳамсони Иттиҳоди Аврупост. Туркия, Эрон, Аргентина, Индонезия, ҶМА, Юнон, Нигерия ва амсоли он кишварҳои тавонманду шинохтае ҳастанд, ки мақсади аъзои БРИКС шуданро доранд.

Иқтидори имрўзу ояндаи  БРИКС

Чунин як ҳолате ба назар мерасад, ки кишварҳои аъзои БРИКС ҳамдигарро аз лиҳози гуногун дастгириву кумак менамоянд. Масалан, Русия бо иқтидори энергетикиву сарватҳои табиии худ барои Ҳинд ва Чин хеле шарики зарурӣ мебошад. Ҳиндустону Бразилия бо иқтидори кишоварзӣ, Чин ҳамчун “фабрикаи ҷаҳонӣ” ва ҶАҶ дорои захоири маъданҳои қиматбаҳо на танҳо барои кишварҳои аъзои БРИКС, балки барои тамоми ҷаҳон маълуму муҳим мебошанд.

ММД-и ин кишварҳо қобили мулоҳизаанд, ки ҳудуди 25-30 фоизи ММД-и ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Дар ояндаи наздик БРИКС асъори худро ба роҳ андохтан мехоҳад. Аҳолии давлатҳои аъзои БРИКС   3 миллиард нафарро ташкил медиҳанд, ки зиёда аз 40 фоизи аҳолии сайёраро дарбар мегирад. Аз нигоҳи масоҳат агар БРИКС давлат мебуд, 39,7 миллион километри квадратиро ташкил медод. Ҳамаи давлатҳои аъзои он ба «Бистгонаи бузург» шомиланд. Се давлати ин ниҳод аъзои «Ҳаштгона» мебошанд.

Яқин аст, ки БРИКС  тавозуни иқтисоди ҷаҳонро ба вуҷуд овардан мехоҳад. Дар саммити соли 2015 дар шаҳри Уфа БРИКС бонки худро бо сармояи 100 миллиард доллар таъсис дод. БРИКС ошкоро хоҳони раванди босуръати ислоҳоти молиявию иқтисодии СММ ва Фонди Умумиҷаҳонии Асъор гашт. Мухолифати худро ба таҳримҳову буҳронҳои сохта нишон додааст. Таҳлилгарон Куриёи Ҷанубӣ, Мексика ва Индонезияро аъзои навбатии БРИКС меҳисобанд. БРИКС имкони пурра дорад, ки низоми якқутбаи идора кардани ҷаҳонро барҳам занад. 26 фоизи ҳудуди кураи Заминро масоҳати ин кишварҳо, 42 фоизи аҳолии сайёраро сокинони ин давлатҳо ва 27 фоизи ММД-и ҷаҳониро иқтисодиёти аъзои БРИКС ташкил медиҳанд.  Саноати тавоно, 40 фоизи истеҳсоли ғаллаи ҷаҳонӣ, 50 фоизи гӯшти истеҳсолшуда ва 30 фоизи истеҳсоли гӯшти паранда, 32 фоизи заминҳои корами ҷаҳонӣ ба ин кишварҳо рост меоянд.

Ҳиндустон бо захираҳои илмиву саноатӣ сеюмин абарқудрати иқтисодии ҷаҳон аст. Қудрати ҳаставӣ мебошад ва яке аз он ду кишвари ҷаҳон аст, ки зиёда аз як миллиард аҳолӣ дорад. Чин дуввумин абарқудрати иқтисодии ҷаҳон аст, ки мувофиқи хулосаҳои коршиносон то соли 2050 ба абарқудрати рақами яки ҷаҳон табдил меёбад. Қудрати ядроӣ мебошад. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубиро чун абарқудрати бузурги қитъаи Африқо ном мебаранд, ки иқтисодиёти пешравандаро соҳиб аст. Мувофиқи назарияи Ҷим Онил махсусан чор кишвари аъзои БРИКС- Чин, Русия, Ҳиндустон ва Бразилия идоракунандагони асосии иқтисоди ҷаҳон дар ояндаҳои наздиктарин ба шумор мераванд. Алҳол ин кишварҳо бузургтарин давлатҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки содироти бештарро соҳибанд. Чунин хулосаи дигари коршиносон вуҷуд дорад, ки БРИКС бо иқтидори худ ба «Ҳафтгона» ё «Ҳаштгона»-и бузург дар рақобат қарор гирифта истодааст. Тавре зикр гашт, БРИКС блоки иқтисодист ва мувофиқи омӯзиши коршиносон шумораи аҳолии кишварҳои ин блок, ки алҳол 3000 доллар даромади солона доранд, дар давоми се сол ду маротиба меафзояд. Дар давоми даҳ сол ин шумора ба 800 миллион нафар мерасад, ки баробар ба нишондодҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупост. Коршиносону пажуҳишгарони шинохтаи рус М.Л.Титаренко, В.М.Давидова, В.А.Никонов дурнамои БРИКС-ро аз чандин паҳлуҳо омўхта, ба хулосае омадаанд, ки имрӯзу оянда ҷаҳони муосирро бештар қудратҳои иқтисодӣ идора менамоянд ва дар ин самт ҷараёнҳо суръат пайдо кардаанд. БРИКС ногузир аз ҷумлаи он ҷараёнҳо ба шумор меравад.

Ҳадаф аз даъват ва ҷалби Тоҷикистон

Нуфузи байналмилалии Тоҷикистон аст, ки ин навбат аз миёни чандин кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маҳз Роҳбари кишвари мо бо чанде аз ҳамтоёни худ ба ин нишаст даъват гардиданд. Интихоб ва даъвати Роҳбари давлати Тоҷикистон ҳадафмандона аст. Ин пеш аз ҳама ба се ҷанба вобастагӣ дорад. Дар навбати аввал ин сиёсати муваффақонаи Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад, ки Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои боз қариб бо ҳама кишварҳои аъзои БРИКС равобити судманд дорад. Яъне Чин, Русия ва Ҳиндустон кишварҳои ба мо қарине ҳастанд, ки дар мавриди робитаҳои тарафайни имрўзу оянда қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Аз ҷониби дигар, мавқеи мусоиди ҷойгиршавии Тоҷикистон ва имкони дар он ривоҷ додани истеҳсоли гидроэнергетика таваҷҷуҳи ин кишварҳоро ба таври бесобиқа ҷалб менамояд. Тоҷикистон тавонист, ки лоиҳаи бунёди бузургтарин неругоҳи обиро муваффақона аз ташхиси комисссияҳои байналмилалӣ гузаронад. Мухолифати муваққатии баъзе ҳамсояҳо низ аз байн рафтанд ва онҳо ҳатто ҷонибдори бунёди ин неругоҳ гаштанд. Ҷои шубҳа нест, ки бо истиқлолияти энергетикии кишварамон Тоҷикистон ба як давлати саноатиию кишоварзӣ табдил меёбад.

Ин назария ва нақша ҳанӯз аз солҳои шастуми асри  гузашта вуҷуд дошт, ки бунёди неругоҳҳои бузург дар Тоҷикистон — ин боз гаштани дарвозаҳои ҷанубии Иттиҳоди Шӯравӣ ба бандаргоҳҳои бузурги ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт. Вале кушодани чандин корхонаҳои истеҳсоли алюминий ва дигар корхонаҳои саноативу химиявӣ чун лоиҳаҳои нотамом дар нимароҳ монданд…

Ба ҷуз ин, ҷомеаи  ҷаҳонӣ шоҳид гашта истодааст, ки Тоҷикистон дар татбиқи се ҳадафи стратегии муҳим устуворона қадам мезанад. Истиқлолияти комили энергетикии Тоҷикистон наздик аст ва он рўз дур нест, ки кишвари мо пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад. Татбиқи ин ду нақшаи бузург ба як шакли фаврӣ амнияти озуқавории давлатро таъмин менамояд. Бо назардошти ин паҳлуҳо ва иқлими мусоиди сармоягузориву иҷтимоӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ мутаваҷҷеҳи комили Тоҷикистон гашта истодааст. Пешниҳоди Россия чанд сол қабл дар доираи БРИКС он буд, ки «Иттиҳоди энергетикии БРИКС» ва «Пажуҳишгоҳи таҳқиқи сиёсати энергетикии БРИКС» таъсис дода шавад. Чанде қабл дар пояи як ҳамоиши Душанбе бо талошҳову таъкидҳои роҳбарияти давлати Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи САSА-1000 як навъ суръат бахшида шуд. Амалӣ гаштани лоиҳаи САSА- 1000 барои аъзои БРИКС  манфиатҳои васеъ дар пай дорад. Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон маҳз ин самт ба шумор  рафта метавонад.

Фикр мекунем, ки ҷалби Тоҷикистон ба ин нишаст дар доираи стратегияву дурнамои мушаххас сурат мегирад. Аллакай коршиносони тоҷику хориҷӣ қабл аз баргузории ин саммит чун нозир қабул гаштани кишвари моро пешгўӣ низ кардаанд. БРИКС бештар масъалаҳои иқтисодиву молиявӣ, мактабу маориф, илму техника ва омўзишиву пажуҳиширо пайгирӣ менамояд ва ҳайати маълуми ҳукуматӣ аз кишварамон бо ин ҳадаф ба Чин сафар намуд. Ин тамоюлро аввалин хиштҳои зербинои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар доираи БРИКС-и қудратманд номидан мумкин аст.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
мудири кафедраи журналистикаи
байналхалқии ДМТ

Сентябрь 1, 2017 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст