16 октябр-Рӯзи кинои тоҷик. Санъате, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт
ДУШАНБЕ, 16.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 16 октябр ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намудааст. Кинои тоҷик дар тўли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаасту имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд.
Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. К. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллӣ буда, «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи ӯ дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми «Муҳоҷир» (соли 1934, коргардон Комил Ёрматов) барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад.
Дар филми «Муҳоҷир» нақши қаҳрамони асосиро, ки Комил ном дорад, худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон — нақши асосии занонаро — аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик София Туйбоева бозӣ кардаанд.
Комил Ёрматов дорандаи 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо, ҷоизаҳои бонуфузи давлатӣ ва ғолиби кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад.
Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки кинои тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд. Кинематографистони тоҷик бо мурури замон бо ҳамкасбони хориҷии худ фаъолияти хуб ба роҳ монда, филмҳои муштарак эҷод менамоянд. Дар чандин кинофестивалҳои ҷаҳонӣ филмҳои коргардонҳои тоҷик иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.
Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ- ин филми «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов мебошад. Филми мазкур дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ин филм дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Аз ҷумла, филми «Қиёми рӯз» дар кинофестивали ҷаҳонӣ дар шаҳри Кералаи Ҳиндустон, ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Россия, Япония, Ҳиндустон, Италия ва Голландия ширкат карда, ҷоизаҳо ба даст овардааст. Дар ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон «Қиёми рӯз» дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тиллоӣ» -ро соҳиб шуд. Ин ҷоиза ба ин филм барои беҳтарин кори коргардонӣ дода шудааст. Филми дигари Носир Саидов «Оинаи беҷило» соли 2013 ба навор бардошта шуд, ки он низ дорои касбияти баланд аст.
Филми «Муаллим»-и ин коргардон соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Аз нигоҳи мавзӯъ кинои тоҷик хусусияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, бинандагонро ба дарки хубиву бадӣ ва фарқи аслии сиёҳу сафед раҳнамун месозад. Ҷанбаи дигаре, ки хусусияти баланди таъсиррасонӣ дорад, ин санъати зебои филмофарии коргардонҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки яке аз филмҳои машҳури тоҷик -«Коса»-и Суғдсинамо дар Фестивали IX филмҳои афғонӣ чанде қабл дар шаҳри Стокголми Шветсия дар байни филмҳои хориҷӣ сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми кўтоҳмуддат» гардид.
Дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм- «Коса» ва «Духтари Сайҳун», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, ки мавзўи филмҳои фестивал- мушкилоти кўдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.
Филми «Коса» доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур соли гузашта дар кинофестивалҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Британияи Кабир низ иштирок карда, санъати кинои тоҷикро муаррифӣ карда буд.
Воқеан ҳам, кино санъатест, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт.
Рӯзи кинои тоҷик муборак!
Зарангези ЛАТИФ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






