9 октябр – Рӯзи умумиҷаҳонии почта. Новобаста аз рушди интернет ин намуди алоқа аз воситаҳои муассири хизматрасонист
ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони соҳаи алоқа Рӯзи ҷаҳонии почтаро таҷлил менамоянд. Маҳз дар ин рӯз соли 1874 Иттифоқи ҷаҳонии алоқаи почта таъсис ёфта, соли 1969 дар Конгресси XVI Иттифоқи ҷаҳонии почта 9 октябрро Рӯзи ҷаҳонии почта эълон намуданд. Агар ба таърихи почтаи тоҷик назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки тоҷикон ҳанӯз дар аҳди сулолаи Сомониён соҳиби «Девон-ул –барид» буданд, ки он нақши вазорати алоқаро иҷро мекард. Почтаи тоҷик дар даврони шӯравӣ соли 1924 таъсис дода шуда, тӯли 93 соли фаъолият дар самти расонидани нома ва муросилот ба аҳолӣ корҳои шоиста анҷом додааст. Имрӯз ҳам бо вуҷуди рушди шакабаи ҷаҳонии интернет, алоқаи почта ҳамчун яке аз воситаҳои беҳтарин ва муассири расонидани нома, муросилот, матбуоти даврӣ ва дигар хизматрасониҳо ба аҳолӣ боқӣ мемонад.
Саидалӣ Мирзоев, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик», ки фаъолияташро дар соҳаи алоқаи почта аз хаткашони оддӣ оғоз кардааст, дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандони соҳаи алоқаи «Почтаи тоҷик» фаъолияти худро дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд. Мавсуф бо дахли рушд ва дастовардҳои соҳа дар солҳои истиқлолияти давлатӣ зикр намуд, ки мудирият ва аҳли кормандони соҳаи алоқаи почтаи тоҷик бо истифода аз захираю имкониятҳо дар зарфи солҳои мустақилият ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардиданд. Танҳо дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умумии муросилоти почтаи воридотӣ ва содиротӣ дар кишвар беш аз 350 тоннаро ташкил дод, ки ин омор дар қиёс ба соли гузашта зиёда аз 15 тонна афзудааст. Инчунин дар ин давра беш аз 34 тонна муросилоти почтаи байналмилалӣ ворид гардида, содирот наздики 9 тоннаро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки муросилоти почтаи дохилӣ дар Тоҷикистон асосан тавассути нақлиёти заминӣ кашонида шуда, ҳаҷми он дар ин давра беш аз 310 тоннаро ташкил дод.
Алҳол дар ҷумҳурӣ 571 шуъбаи алоқа мавҷуд аст, ки 25 адади он дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Шумораи кормандон дар маҷмӯъ 965 нафарро ташкил медиҳад. Фаъолияти зермуассисаҳои алоқаи почта асосан ба обуна, қабул, коркард, фиристонидани муросилот ва матбуоти даврӣ нигаронида шудааст. Дар самти обуна КВД «Почтаи тоҷик» ҳамкориро бо идораи рӯзномаю маҷаллаҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ тақвият дода, дар ин давра ба муштариён наздик ба 11 миллион рӯзномаю маҷаллаҳоро расонидааст.
Ба андешаи Саидалӣ Мирзоев, муросилоти почта ва матбуоти даврӣ дар шаҳру навоҳии кишвар дар як ҳафта 5 маротиба ба обуначиён бурда расонида мешавад. Ба истиснои Бадахшон, ки минтақаи дурдасту баландкӯҳ аст. Ба ин вилоят ҳафтае се- чор маротиба муросилоти почта ва матбуоти даврӣ кашонида мешаванд. Интизор меравад, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2018 муросилоти почта ва матбуоти даврӣ ба минтақаҳои кишвар дар як ҳафта 6 маротиба ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон тавассути почтаи фаврии EMS ба ҷумҳурӣ дар шаш моҳи соли равон наздик ба 200 адад муросилоти почта ворид шуда, ба соҳибонашон дастрас гардиданд.
Бо дахли ҳамкории «Почтаи тоҷик» бо дигар почтаҳои кишварҳои ҷаҳон, директори корхона афзуд, ки «Почтаи тоҷик» бо 12 кишвари хориҷӣ, назири Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркия оид ба интиқоли ирсолпулиҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Инчунин бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон «Почтаи тоҷик» дар соли 1994 узви Иттифоқи ҷаҳонии алоқаи почта гардид, ки ин иттиҳод қариб 200 давлати дунёро дар сафи худ муттаҳид намудааст.
Саидалӣ Мирзоев таъкид кард, ки роҳбарият ва аҳли кормандони «Почтаи тоҷик» саъю талош менамоянд, ки сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи почтаро ба аҳолии кишвар беҳтар намоянд. Дар ин росто, мудирияти корхона барои баланд бардоштани нуфузи «Почтаи тоҷик» ва тақвияти заминаи моддию техникии он тадбирҳои муассир андешида, як қатор барномаҳоро амалӣ гардонид. Махсусан бо назардошти афзоиши теъдоди обуначиён корхона мошини нави тамғаи «Опел Вектор» харидорӣ намуда, бо тарҳи тарғиби ороишӣ аз аввали сол дар хатсайри якум ба кашондани почта сафарбар гардидааст. Дар маҷмӯъ дар саросари ҷумҳурӣ -дар корхонаҳои зертобеи КВД «Почтаи тоҷик» дар шаҳри Душанбе даҳ мошини хизматӣ, дар Суғд 4 адад, дар Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 ададӣ ва дар Бадахшон ду мошин, ки бо тарҳи тарғиботӣ ороиш ёфта, дорои навиштаҷоти «Аз хизматрасонии КВД «Почтаи тоҷик» истифода баред!» мебошанд, ба кашонидани муросилоти почта равона гардидаанд.
Ҳамзамон дар доираи Барномаи байналмилалии сифат барои назорати доимии ҳаракати муросилоти қабулшуда барои фиристонидан тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Алҳол дар корхонаи «Почтаи тоҷик» хати нахи нурӣ ва дастгоҳҳои иттилоотонӣ ба шабакаи интернети босуръат пайваст мебошанд. Инчунин соли сипаригарида аз ҷониби Иттифоқи ҷаҳонии алоқаи почта 24 копютер бо принтер, даҳ принтер барои чопи борхат ва 55 тарозуи электронӣ фиристонида шуд, ки ҳамаи онҳо насб ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Барои фаъол гардонидани сомонаи «Почтаи тоҷик» дар шабакаи интернет тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Интизор меравад, ки моҳҳои наздик сокинон тавонанд доир ба муросилоти фиристодаашон аз лаҳзаи қабул то расидан ба суроға тавассути сомонаи «Почтаи тоҷик» маълумоти муфассал пайдо намоянд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши алоқаи почта ба масъалаи омода намудани мутахассисон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар ин самт бештар ҷавонон –донишҷӯён ба кор ҷалб мегарданд ва дар корхона омӯзиш мегиранд. Қаблан мутахассиони соҳаи алоқаи почта дар техникуми индустриалӣ ва омӯзишгоҳи касбию техникии №5, бо ихтисоси операторони алоқаи почта омода мегардиданд.
Саидалӣ Мирзоев афзуд, ки аз ҷониби Парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» қабул гардиданд. Инчунин тибқи иҷозатнома фаъолият намудани алоқаи почта ба бенизомӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи почта хотима гузошт, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҳама гуна хизматрасониҳо аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ба танзим дароварда шуда, тавассути иҷозатномадиҳӣ фаъолият мебаранд. Дар ин самт КВД «Почтаи тоҷик» тамоми санадҳои заруриро барои гирифтани иҷозатнома ба Хадамоти алоқаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва баъди баррасӣ ба «Почтаи тоҷик» барои пешниҳоди хизматрасонии алоқаи почта, паҳнкунии матбуоти даврӣ, почтаи курйерӣ, қабул ва пардохти ирсолпулиҳо иҷозатнома дода шуд.
Ин амал боварӣ ба танзимгари миллӣ буда, кормандони «Почтаи тоҷик»-ро рӯҳбаланд сохт, то дар самти рушди соҳаи алоқаи почта ва пешниҳоди хизмати шоиста ба мардум қадамҳои устувор гузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»