Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорат паст шуда, дар баландиҳои 3000 м барф меборад

Октябрь 6, 2017 10:24

ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 октябр дар  Тоҷикистон ҳавои ноустувори тағйирёбанда ва боридани борон пешбинӣ шуда,  дар бештари минтақаҳо дар баландии 3000 метр боридани барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб 12-17 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят ҳарорат паст шуда, 8-13 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои ноустуворро пешбинӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят тағйирёбандаи абрӣ гашта, борон меборад. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шимолу ғарб ба 4-9 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат ба 11-16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи ноустувор шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат паст мешавад. Шабона 7-9  ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 6, 2017 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад