Ҳайати ҲХДТ дар Фестивали «Рӯзи фарҳанги миллӣ» дар Санк-Петербург иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ«Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, як ҳайати ҳизбӣ ҷиҳати вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дорад. Аъзои ин ҳайат, ки ба он раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода низ шомил аст, дар Фестивали «Рӯзи фарҳанги миллӣ» иштирок намуда, аз намоиши «Бозори шарқ», ки дар Санкт-Петербург баргузор шуд, дидан намуданд. Пас аз боздиди намоиш бо донишҷӯёни фаъоли тоҷики аъзои Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Ҷомеаи донишҷӯёни ҷавони тоҷик» (РОО «МОСТ») вохӯрии пурмуҳтаво доир гардид.
Абдулло Раҳмонзода дар вохӯрӣ зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар ба омӯхтани илму дониши замонавӣ фаро гирифта шудаанд. Мавсуф вобаста ба муҳимтарин таҳаввулот дар ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷик – ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки маҳз аз ин роҳ мардуми тоҷик аз зери бори нангу номуси дурӯғин раҳо гардида, зиндагии муътадил ва бе зиёдаравию худнамоиро пеш гирифт.
Ин қонун бештар ба манфиати ҷавонон буда, ба онҳо дар пешрафти зиндагӣ ва оғози ҳаёти мустақилона кумаки арзанда мерасонад.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба масоили гузариш ба низоми кредитии таҳсил, таҳияи ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон, кушодани намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар Федератсияи Россия ва мусоидати ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар барқарор кардани робитаи Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Ҷомеаи донишҷӯёни ҷавони тоҷик» бо воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати ба ҳамватанон муаррифӣ кардани дастовардҳои донишҷӯён табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ фаъол бошанд ва пеши роҳи гаравидани ҳамсолонашонро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гирифта, дар ҳар гуна роҳпаймоиву ҳамоишҳои шубҳаноки ғайрирасмӣ, хусусан дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ иштирок накунанд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






