ҶАШНИ ҲОСИЛ, ФАРОВОНӢ ВА ВАҲДАТ. 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад

Октябрь 14, 2017 08:38

Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 14.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукўҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврўз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамудаанд.

       Новобаста аз гиру дорҳои сиёсию фарҳангӣ ва мазҳабӣ Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дуродур то имрўз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Зеро Меҳргон ба монанди иди Наврўз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои ин идҳоро одамон  бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.

Вобаста ба пайдоиш ва густаришу бузургдошти ин ҷашн ва саҳми кишовазони кишвар дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ҳамсуҳбат гардид.

Ба андешаи Ёқубҷон Уроқов, Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукўҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост. «Дар осори бузургони илму фарҳанги ниёгонамон Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абўрайҳони Берунию Умари Хайём, Борбади Марвазию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳои гаронбаҳое мавҷуданд, ки бо камоли эҳтиром ва гарму ҷўшон аз расму оин, шукўҳу шаҳомат ва иззату шўҳрати он маълумоти беназир овардаанд. Тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ, Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма мегирад, ки он ба рўзи шонздаҳуми Меҳргон, яъне моҳи октябри солшумории мелодӣ рост меояд. Аз он дам ҳамасола ниёгони мо ин рўзро чун тантанаи сулҳу осоиш, намоиши ранҷи кашидаи деҳқон, анҷоми корҳои барзгарон, пастравии гармии офтоб, коҳиши нумўи табиат, фарорасии айёми хазонрез таҷлил менамудаанд, ки он 6 рўз идома меёфтааст»,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бояд зикр намуд, ки истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза гардид. Зеро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.

Ёқубҷон Уроқов чуниин мешуморад, ки дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳое, ки ба инсоният таҳдид мекунанд, хавфи норасоии озуқаворӣ шиддат меёбад ва бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамояд. «Ин омил моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешем ва онҳоро ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намоем. Зеро бо тамоюли болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ соҳаи кишоварзӣ метавонад ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёбад. Бинобар ин, дар самти сиёсати аграрӣ моро лозим меояд, ки ба омўзиши мунтазами тағйирёбии талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти истеъмолшаванда ва талаботи бозорҳои берунӣ ба маҳсулоти содиротии кишоварзиамон беш аз пеш таваҷҷуҳ намоем. Ин амал имконият медиҳад, ки истеҳсоли кишоварзӣ барои навъи маҳсулоти рақобатпазир сари вақт ва дар ҳаҷми талаботи бозори дохилию берунӣ тарҳрезӣ шавад. Инчунин барои татбиқи вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда моро зарур аст, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакатамонро дучанд намуда, истифодаи оқилонаи захираҳои табииро ба роҳ монем»,-шарҳ дод коршинос.

Бояд гуфт, ки Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувонӣ дошт, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.

«Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад. Бинобар ин, амалӣ гардонидани тадбирҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад»,-иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

Ҳамасола бо назардошти он ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо ва  намоишгоҳҳо анвои мухталифи меваю сабзавот, консерву оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мегарданд. Ба гуфтаи Ёқубҷон Уроқов, сол то сол, аз Меҳргон то Меҳргон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ зиёд мешавад. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзавот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ қадами устуворе дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

«Кишоварзони тоҷик ҳамчунин ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ва меваи хушкро ба мамлакатҳои хориҷӣ, бахусус Россия содир мекунанд, ки ин амр тақозои иқтисоди бозаргонист. Кишоварз дар фурӯши маҳсулоти хеш озод аст ва барои ба даст овардани даромади хуб метавонад маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот кунад»,-афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Шаҳлои САДРИДДИН

Октябрь 14, 2017 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид