ЧАРО ИНҚИЛОБИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГӢ? Сӯҳбат бо муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода

Октябрь 6, 2017 17:40

ДУШАНБЕ, 06.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати журналист Бахтиёр ҲАМДАМро бо муовини якуми Раиси ҲХДТ ФАТТОҲЗОДА Саидмурод Самад пешкаш менамоем.

— Муҳтарам Саидмурод Самад, Шумо дар яке аз суҳбатҳои худ дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро «инқилоби маънавӣ ва фарҳангӣ» номидед. Лутфан бигўед, ки ин ба чӣ далел буд?

— Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Ин яке аз қонунҳои нодир ва бесобиқа буд, ки ба хотири беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва даст кашидан аз хароҷоту исрофи иҷборӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Дар ин муддат ба мақомоти маҳаллӣ, ки бевосита бо аҳолӣ сару кор доранд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳоят худи мардум имкон дода шуд, ки таъсири қонуни мазкурро дар зиндагии воқеии худ санҷанд ва оид ба бурду бохти он андешаашонро баён намоянд.

Бо вуҷуди он, ки қонуни мазкур ва тағйиру иловаҳои ба тозагӣ ба он воридшударо аксарияти шаҳрвандон дастгирӣ намуданд, як зумра либералҳо (озодандешон) низ пайдо шуданд, ки роҳҳои татбиқи онро зери суол мегузоштанд: «Чаро ин корро аз тариқи тарғибу ташвиқ неву тавассути қабули қонун анҷом диҳем?».

Вале бубинед, ҳангоми мулоқотҳои худ  вақте Пешвои миллат аз олимону рўҳониён суол мекунанд, ки «оё тасмими мо дар мавриди танзим дуруст аст?», ҳама бо як овоз аз Каломи Шариф ва осори бузургон мисол оварда, ҳақиқати ин иқдомро тасдиқ менамоянд. Пас чаро олимон ва рўҳониёни арҷманди мо, ки пешсафи ҷомеа мебошанд, то қабули қонуни мазкур мардумро раҳнамоӣ накарданд? Муҳри хомўшӣ бар даҳон задаву ба истилоҳе «қатори мардум» пешдарои ин гуна маъракаҳо буданд?  Ва ё онҳо мегуфтанду суханашон асар надошт?

Як чиз мусаллам аст, ки давоми даҳ соли сипаригардида, гарчанде, ки Қонуни мазкур барои мардуми оддӣ сабукиҳои назаррас овард ва теъдоди зиёди шаҳрвандонро аз зери бори гарони қарз раҳо кард, тоифаи «баргузида»-е низ буданд, ки куҷо равад тарғибу ташвиқ, ҳатто талаботи қонунро сарфи назар намуда, бо роҳҳои гуногун маъракаҳои дабдабанок ташкил мекарданд.

Мутаассифона баъзе аз ин тоифа то ҳанўз дарк накардаанд, ки бо харҷу исрофкории зиёд баргузор намудани маъракаҳо ба дасткушодӣ ва саховатмандӣ ҳеҷ рабте надорад, балки як роҳи худнамоӣ ва ман-манӣ аст, ки дар зеҳни мардуми мо реша давонидааст.

Чи бояд кард, ки психологияи мардуми мо ба зиёфатхурии маҷонӣ (ройгон) хў гирифта, номи тамоми маъракаҳо ба хўрдани ғизо иртибот дорад, мисли «оши наҳор, оши худоӣ, зиёфат…» ва ҳатто баъзе бонуҳои бадзабони мо вақте ки касеро дуои бад мекунанд, истилоҳи «ошакатро хўрам, чилшикан кунам»-ро истифода мекунанд, ки ишора боз ба ҳамон оши ҳафту чилу сол аст, ки дар маъракаҳои мотам бо харҷи зиёд таҳия мешаванд. Гоҳо ин ифрот то ба ҳадде мерасад, ки ба қавли мардум «шустани» як пояфзоли арзишаш садсўма ба панҷсад сўм мерасад. Англисҳо як зарбулмасал доранд: «Чашм аз шикам бузургтар аст». Воқеан ҳам, сер кардани шиками инсон саҳл аст, нисбат ба он ки чашмашро сер кунӣ…

Фаттохзода СҚабули қонуни мазкур дигар имкон медиҳад, ки мардум аз зери бори гарони «нангу номус»-и дурўғин ва сунъӣ, ки боз ҳамон «менталитет»-и миллии мо таҳмил намудааст, раҳо ёбанд ва маблағҳои изофии худро ба таҳсили фарзандон ва беҳбудии шароити зисти худ сарф намоянд. Чаро мо бояд дар ин маврид аз мардуми Аврупо, ки бо вуҷуди доро будану роҳат зистанашон ҳаргиз ба исрофкорӣ даст намезананд, ибрат нагирем? Бубинед, ки мо имрўз либоси аврупоӣ мепўшем, аз техникаю технологияи аврупоӣ истифода мебарем, вале тафаккури мо ҳанўз побанди баъзе урфу оини асримиёнагист. Оё шумо дар ягон маърака ва ё суҳбате шоҳид будед, ки мардуми мо аз илму технологияи пешрафта ва ё ҳадди ақал аз осори гаронмояи бузургони мо ҳарф зананд? Ба гумон. Агар пештар дар суҳбатҳо аз Бедилу Хайём ё Ҳофизу Саъдӣ мегуфтанд, ҳоло барои баъзе тоифаҳо «ҳазрат»-у «тўра»-ҳое, ки хоки ягон мадрасаро ба қавле «налесидаанд», «авторитет» шудаанд ва фатвою мавъизаи онҳо доираи сўҳбатҳоро «гарм» мекунад.

Пешниҳоди Пешвои миллат дар зеҳну мафкураи миллати мо таҳаввулотеро ба амал овард ва мардумро ҳидоят намуд, ки аз расму одати зарароваре, ки тўли садсолаҳо дар мағзи устухони мо ҷо гирифта буд, даст кашем. Ин мисли ҳамон таҳаввулоти давраи ренессанс аст, ки дар кишварҳои Аврупо таассуби диниву хурофотиро шикаст дод ва пойгоҳи илму маърифатро дар ҷомеа устувор намуд. Натиҷаи ҳамон инқилоби маънавӣ буд, ки Аврупо аз асорати ҷаҳолати асримиёнагӣ раҳо ёфта, имрўз ба яке аз манотиқи пешрафта ва пуриқтидори дунё табдил ёфтааст… Пас худ қазоват кунед, ки ин оё «инқилобе» нест дар тафаккур, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаи мо?

— Аммо… Баъзе олимон, ҷомеашиносон ва рўҳониёни мо бар ин назаранд, ки маъракаву маросимҳои мо низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мост…

— Дар қонун ҳаргиз баҳс дар мавриди маҳдуд кардани расму оини миллӣ ва ё суннатҳои санияи мардумӣ намеравад. Мо инро бояд дуруст дарк кунем. Ҳадафи асоси қонун, баръакс, даст кашидан аз урфу одатҳои сунъиву хурофотӣ ва камхарҷ кардани маъракаву маросимҳост. Мо бояд иқрор шавем, ки то ҳанўз дар ҷомеаи мо маҳфуми «буҷети оила» вуҷуд надорад. Ин яке аз иллатҳои асосии исрофкорӣ дар ҷомеа аст. Худ як қазоват кунед, ки дар баргузории маъракаҳои беҳудаи серхарҷ ҳамто надорем, вале барои фарзанди худ либос ва ё пойафзоли як-ду андоза бузургтарро мегирем, ки соли оянда низ пўшад. Ва ё як умр либосу ҷузвдони бародари бузург мероси бародари хурдӣ аст…

Мо бояд аз эроду эътирози онҳое, ки намехоҳанд ҷомеа пеш равад, натарсем. Таърих собит намудааст, ки дар ҳар давру замон гурўҳҳои реаксионӣ, яъне иртиҷоие вуҷуд доштанд, ки нисбат ба ҳама гуна навоварӣ бо назари шубҳа менигаристанд. Агар ибтидои асри 20 — ро ба хотир орем, ҳамин гурўҳи эътирозӣ, ки зидди илму маърифату навовариҳо буданд, ҳаракати босмачигариро ташкил карданд. Онҳо бунёди беморхонаҳо, хати роҳи оҳан, барқ, алоқа ва мисли инро «куфр» эълон мекарданд. Аз рўи инсоф бигўед, ки кадоме аз инҳо ба ҷомеа бештар манфиат расонидаанд?  Большевикони «кофир»-е, ки мактабҳои маҳви бесаводӣ мекушоданду мардуми камбағалро соҳиби маълумот, касбу ҳунар, замин, фабрикаву завод мекарданд ва ё босмачиёни «мусалмон»-е, ки ба хотири ҳимоя аз сохти феодалӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷиҳод мекарданд ва мафкураи ҷомеаро ба андозае заҳролуд менамуданд, ки то дер мардум автомобилу қатораро «шайтонаробаю оташароба» меномиданд.

Солҳои 90-уми қарни гузашта низ вақте ки насими ҳувияту демократия вазид, қабл аз ҳама ҳамин тоифа ноором шуданд, ошўб бардоштанд ва ҳангоме ки кишварҳои ҳамҷавори мо орому осуда мероси Иттиҳоди Шўравиро тақсим мекарданд, ҷумҳурии моро ба коми оташу ҷанг кашиданд. Давлат ва артишро фалаҷ карданд. Боз ҳамон афсонаҳои «шайтонаробаро» бо оҳанги дигар такрор мекарданд. Ба мардуми осоишта фатво медоданд, ки «боке нест агар бо аслиҳа ошно набошед, шумо тирро файр кунед малоикаҳо худашон онро ба синаи кофирон мезананд». Андеша намекарданд, ки «кофарон» ҳаммиллату ҳаммазҳаб ва ё бародару хоҳарони онҳоанд.

Ин ҷо бамаврид аст суханони як дўстамро ёдрас намоям, ки дар сафари Чин маро ҳамроҳӣ мекард. Ў ба эътирозҳои як марди ба ном «диндор», ки ба ҳар чиз эрод мегирифт, бо тамасхур посух дод: «Бале, домулло, чиниҳо ба қавли Шумо «ҳаромхўранд», вале бубинед, ки корашон чи қадар тозаву ҳалол, мо бошем «ҳалолхўр»-у билло, ки ба ҷуз эрод гирифтан дигар ягон кори ҳалол надорем»

Мо бояд як чизро фаромўш насозем, ки мавқеи ҷуғрофии кишвари мо хеле ҳассос аст. Мо дар сарҳади бархўрди ду тамаддун қарор дорем. Агар арзишҳои миллии худро ҳифз кунему ба самти Ғарб рў орем аз илму технологияи муосир бархурдор хоҳем гашт. Вале агар ба самти Шарқ рў орем, боз побанди ҳамон урфу одатҳои асримиёнагӣ, хурофоту ҷаҳолат хоҳем буд…

-Бо иҷозаи Шумо, боз бармегардем сари баҳси қонун… Яъне ҷиҳати пешгирии исрофкориву зиёдаравиҳо дар ҷашну маъракаҳо қабули ҳамин гуна як қонун муҳим буд…

— Агар мо ба таърихи халқи худ назар афканем, на зулму истибдоди асримиёнагии аҷнабиён, ки садҳо ҳазор нафар аз дасти бардагиву гуруснагӣ ба ҳалокат расидаанд, на давраҳои инқилоб ва Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ё дар гузаштаи на чандон дур, ки касрати ҷанги шаҳрвандӣ мардумро ба қути лоямут зор кард, дарси ибрат нашудааст. Мардуми мо як одати аҷиб дорад, ки агар андаке аз фақру нотавонӣ раҳо ёбаду дар ҷайбаш ду-се танга пайдо шавад, боз ҳамон «менталитет»-и миллӣ дастболо мешаваду роҳи баҳудаву беҳуда сарф кардани ҳамон маблағи ночизро меҷўяд.

Рўзе яке аз дўстон қиссаи марғуберо нақл кард, ки ҳамин одати «суннатӣ»-и моро бозгў мекунад: «Солҳи 90-ум, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ буд, бо мошини боркаше аз шаҳри Кўлоб ба самти Қўрғонтеппа ҳаракат мекардем. Дар роҳ марди шиносеро дидам, ки дар даст сатил интизори мошин буд. Аз ронанда хоҳиш кардам, ки ўро низ ҳамроҳ гирад. Баъд аз ҳолпурсӣ аз ў суол кардам, ки куҷо меравад? Ў ба дард оҳ кашида посух дод, ки дар хона ғизое намондааст ва як хешаш аз Сарбанд ваъда кардааст, ки агар ноилоҷ монад, биёяд ба ў як сатил орд медиҳад. Барои овардани ҳамон орд меравам, агар ду маротиба нон бандем, як ҳафта ҷонамон аз гуруснагӣ халос, -ашки чашмонашро пок карда бо ҳасрат мегуфт мард. Тифоқо аз ин ҳодиса чанд сол гузашт, ҷанги шаҳрвандӣ низ паси сар шуд, мардум боз ба зиндагии осуда бармегаштанд. Рўзе фарзанди ҳамон мард маро ба хонаашон меҳмонӣ даъват кард, вале нагуфт, ки ба кадом хотир. Ҳанўз ба хонаашон наздик нашуда, садои карнаю мусиқиро шунидам, гумон кардам, ки тўй бошад. Дар саҳни ҳавлии хона мизу курсӣ ва катҳои ороста ва сари он беш аз 200 нафар меҳмонон нишаста буданд, дар кунҷи ҳавлӣ, сари оташдонҳо дегҳои бузурги хўрокпазӣ ва дар шохи дарахт нимтанаи гўшти гови фарбеҳ овезон буд. Соҳиби хона, ки  бо чеҳраи кушод ба пешвозам баромада буд, аз нигоҳи суоломези ман рамуз гирифта гуфт: «Ҳамтуякак, фарзандҳо аз Россия омада ба хотири рўзи таваллуди банда як маъракачаи хоксорона оростанд». Дигар пешорўи ман як марди босалобату бовиқор, ки аз сериву пурӣ маст шудааст, меистод ва аз он марди ҳақири сатилбадаст, ки ордгадоӣ мерафту аз сахтиҳои зиндагӣ менолид ва ашки надомат мерехт, осоре намонда буд… Қиссаи дўстамро шунидаму як мақоли англисӣ ба хотирам расид: «Камбағал он нест, ки кам дорад, балки он аст, ки орзуҳои бешумор дорад». Эҳтимоли зиёд аст, ки он мард ҳанўз сатил дар даст вақте ки ордталабӣ мерафт, дар дил орзу дошт, ки рўзе соҳиби пул мешаваду зиёфати калон дода, ҳамаро ба ҳайрат хоҳад гузошт.

Ҳама гуна урфу одат бо мафкураи мо аз овони тифлӣ хў мегирад. Кўдак аз волидайни худ ё сарфаву сариштаро меомўзад ё исрофкориро. Вазифаи қонуни мазкур низ ҳамин аст, ки бо роҳи манъ кардани исрофкориву хароҷоти беҳуда, насли навро дар рўҳияи сарфакорӣ тарбия намоем. Ба лаҳни содатар ва маҷозан шарҳ диҳем, ин як бори гарони бефоидае буд дар дўши мардум, ки солҳои тўлонӣ аз бардоштани он ранҷ мекашиданд ва танҳо бозувони қавии Пешвои миллат ин бори гаронро аз дўши мардум дур андохт, то нафаси озод кашанд. Ё ба ибораи дигар ин ҳама хароҷоти гарон ва беҳуда мисли санги қаҳрамони асотирии Юнони қадим, Сизиф буд, ки ҳамарўза беҳуда бо заҳмати зиёд ба тори кўҳ мекашиду, санг боз поин меафтод…

— Сайёҳон ва меҳмонони хориҷие, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, аз ин урфу одати мардуми мо дар ҳайрат меафтанд…

— Дуруст аст, борҳо худи ман ҳам мушоҳида кардаам, ки меҳмонони хориҷӣ ин расму оини «булаҷаб»-и моро дида, чи гуна ангушти ҳайрат мегазанд. Боре корманди яке аз созмонҳои байналмилалӣ ба таври малеҳ ишора кард, ки баъзе расму одатҳои моро комилан дарк карда наметавонад. «Фаразан?» — суол кардам аз ў. Нақл кард, ки дар шафати корхонаашон бонуи бешавҳаре зиндагӣ мекард, ки шаш кўдаки хурдсол дошт. Бону ва атфолашро, ки ҳоли хароб доштанд, мо ўро ба ҳайси фаррош ба кор даъват намудем, то андаке ба зиндагиаш кумак шавад. Аз сари ҳар маош як миқдор маблағеро ба унвони хайр медодем, ки то кўдаконаш гуруснаву бараҳна нагарданду дар мактаб таҳсил кунанд. Вале рўзи иди Рамазон дар даст табақи шириниҳо ва дар тан либосҳои гаронарзиш ба корхона омаду кўдаконаш мисли ҳамеша побараҳнаву дур аз таҳсил буданд».

Як сайёҳи олмонӣ низ бо оҳанги ҳайрат нақл мекард, ки маро ба таъзияи модари як нафар бурданд. Гумон мекардам, ки чун модарашро аз даст додааст, сахт рўҳафтодаву мотамзада аст ва дигарон мераванд, ки ўро дилбардорӣ кунанд. Вале мизҳои ороста пур аз нуқлу наво ва таомҳои мухталифро дидам… Ҳама гўё ба хурсандии модари фавтида зиёфат мехўрданду шахси мотамзада даст пеши бар ба ҳама «хуш омадед, меҳмонони модар» мегуфт ва пиру ҷавонро арзи сипос мекард. Нафаҳмидам, ки ин мотам буд ва ё маъракаи шукронаи фавти модар…

Ин хориҷиён аз куҷо донанд, ки вақте мардуми мо «хубӣ»-ҳои инсонро сифат мекунанд, қабл аз ҳама мегўянд, ки фалон намуд хонаву мошин ва либосу палос дорад, «дасткушод» аст, «дастархондор аст», «мардумро нон медиҳад»…

Ҳанўз соли 1899 иқтисодшиноси машҳури амрикоӣ Торстейн Бунде Веблен қошуқчаҳои нуқрагӣ ва корсетҳои занонаро (як ҷузъи либоси бонувон) нишони доштани мақому мартабаи олӣ дар ҷомеа номида буд. Дар асари машҳури худ «Назарияи табақаҳои бекорхўҷа» (Теория праздных классов) маҳфумеро бо унвони «истеъмоли намоишкорона» ворид кард, ки маънои он намоиш додани дороӣ ва мақоми баланди иҷтимоии худ аз тариқи истеъмоли сарватҳои моддӣ ва ҷамъ овардани ҳар гуна ашёи қимматбаҳо буд.

Шояд садсолаҳо қабл аз ин дар олами Ғарб, ки имрўз ба куллӣ тағйир ёфтааст, чунин буд, вале мо то ҳанўз дар банди ин «одат»-и бад қарор дорем. Ҳатто агар ба кишварҳои дигар муҳоҷират кунем ҳам, аз ин «одат»-и суннатии худ даст намекашем. Вагарна дар тўйи арўсии духтари худ ба як миллион доллар харидани куртаи тўёнаи як соҳибкори русиягии тоҷиктабор ҳаргиз сархати ахбори ВАО-и тамоми ҷаҳон қарор намегирифт.

— Пас моро зарур аст, ки дар интихоби худ ба фарҳанги Ғарб бартарият диҳем?

— Не, ин ҷо баҳс сари чизи дигар аст. Мо бояд беҳтарин анъана, расму оин ва арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, аз урфу одати нолозим ва ба мо таҳмилшуда даст кашем. Зимнан барои ин ба мо зарурати пайравӣ ба ягон миллати дигар нест. Агар мардум осори безаволи ниёгони мо ва ё, фаразан, китоби Пешвои миллат, Роҳбари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро мутолиа кунанд, ба хубӣ дарк хоҳанд кард, ки то кадом андоза миллати мо соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг будааст.

Вале пайравӣ аз беҳтарин дастовардҳо, илму технологияи пешрафтаи кишварҳои мутараққӣ ҳамеша ба манфиати кор аст. Агар ба умқи таърих назар афканем, олимони Ғарб низ беҳтарин дастовардҳои илми тиб, нуҷум ва мисли инро аз олами Шарқ иқтибос кардаанд. Ва ё кишварҳои Шарқ мисли Ҷопон ва Чин арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз намуда, бо истифода аз илму тамаддуни аврупоӣ ба яке аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон табдил ёфтаанд.

Агар дар мавриди фарҳанги кишварҳои Ғарб ҳарф занем, ин мавзўи баҳси дигар аст. Бартарӣ додан ба арзишҳои либералӣ дар Аврупо маҳфумҳоеро мисли миллат, ифтихори миллӣ комилан аз байн бурдааст. Гумон мекунам дар ин замина таи чанд даҳсолаи охир фарҳанг ва маънавиёт дар Аврупо комилан рў ба инқироз овардааст. Агар дар гузаштаи начандон дур Мотсарту Коперник, Балзаку Леонардо да Винчи мояи ифтихори Аврупо буданд, имрўз мутаассифона Роналдову Месси ва Мейвейзеру Мак Грегорҳо ҷойгузини онҳо шудаанд. Тасаввур кунед, ки дар як рақобати чанддақиқаинаи худ бо Мак Грегор, Мейвезер соҳиби сесад миллион доллар шуд. Вале агар андеша кунед, ки ин қаҳрамони замони муосир дар зеҳни насли ҷавон ба ҷуз фарҳанги муштзўрӣ таъсири дигаре намерасонад, хеле риққатангез ва таассуфовар аст.

— Дар радифи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боз ба як силсила қонунҳои дигар низ тағйирот ворид гардиданд. Зарурати онҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

С. Фатохзода— Тавре ки дар оғози суҳбат таъкид намудам, қабули Қонун оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дар заминаи он ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни дигар дар ҷомеаи мо воқеан барои як инқилоби маънавӣ ва фарҳангӣ замина фароҳам меорад. Чунки қонунҳои мазкур самти рушди ҷомеаи моро муайян месозанд, баробарии қишрҳои мухталифи ҷомеъа, масъулият ва ҷавобгарии онҳоро дар назди қонун таъмин менамояд. Биёед мутаваҷҷеҳ мешавем ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни маориф, кодекси маъмуриву ҷиноӣ ва мисоли ин…

Масалан, дар Аврупо сарвату дороӣ тўли садсолаҳо аз насл ба насл мегузарад. Шахсони сарватманд низ, ки арзиши сарвату дороиро дуруст дарк мекунанд, фарзандонашонро дар рўҳияи қаноатпешагӣ тарбия менамоянд. Аксарияти «олигархҳо»-и аврупоӣ ва фарзандони эшон хеле хоксорона зиндагӣ мекунанд ва ҳатто ҳангоми ба кор ё таҳсил рафтан бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода менамоянд. Дороии худро ба намоиш намегузоранд. Вале дар кишварҳои пасошўравӣ, аз ҷумла дар кишвари мо вазъият каме дигар аст. Пўшида нест, ки баъд аз истиқлолият як қишри ҷомеаи мо ба зудӣ соҳиби сарвату дороӣ шуданд. Вале фарҳанги онҳо дар ҳамон сатҳе, ки буд, боқӣ монд. Дороӣ ва сарват барои аксарияти оилаҳои мансабдор ва тоҷир ба мояи худнамоӣ табдил ёфт. Туҳфа намудани автомобилҳои қимматбаҳо ба фарзандон ва ё аз ҷониби «ҷавонони тиллоӣ» ташкил намудани мошинпойгаҳо дар кўчаҳои шаҳр, ки боиси садамаҳои мудҳиш гардиданд, ба донишгоҳу донишкадаҳо бо автомобилҳои тамғаи навтарин рафтан ба ҳукми анъана даромад.

Иқдоми созандаи Пешвои миллат, Роҳбари муаззами мо аз тариқи роҳандозии як қатор қонунҳои муҳим пеши роҳи ин манманӣ ва «мусобиқаҳо»-и бемаъниро гирифт. Барои дар рўҳияи дигар тарбия ёфтани ҷавонон, масъулиятшинос шудани онҳо заминаи мусоид фароҳам омад.

Бояд тазаккур дод, ки тасмимҳои бесобиқа ва ташаббусҳои беназири Пешвои миллат на танҳо дар кишвари мо таҳаввулоти ҷиддиеро ба амал овард, балки барои кишварҳои дигар, ки ҳамин мушкилиро доранд, як роҳнамои мукаммал гардид. Имрўз пўшида нест, ки баъзе давлатҳои ҳамҷавор қонунҳои мазкурро ҳамаҷониба омўхта, роҳҳои татбиқи онро вобаста ба шароиташон мавриди баррасӣ қарор дода истодаанд.

Дар фарҷоми суҳбат мехоҳам як нуктаро таъкид намоям. Татбиқи қонуни мазкур аз кору фаъолияти мову шумо, дигар ниҳоди дахлдор ва масъулияту хоҳиши ҳар фарди ҷомеа вобаста аст. Пас моро зарур аст, ки дар амри иҷрои он камари ҳиммат бубандем ва ҷомеаи худро аз банди ҷаҳолату таассуб раҳо созем.

-Ташаккур барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво.

 Мусоҳиб

 Бахтиёр ҲАМДАМ

 

Октябрь 6, 2017 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»