«ЧУ ДАР ДАСТ АСТ УДЕ ХУШ, БИЗАН МУТРИБ СУРУДЕ ХУШ…». 1 октябр- Рӯзи байналмилалии мусиқӣ
ДУШАНБЕ, 1.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Рӯзи байналмилалии мусиқӣ бо ташаббуси Шўрои байналмилалии мусиқии назди созмони ЮНЕСКО дар Ассамблеяи генералии 15-ум дар шаҳри Лозанна соли 1973 таъсис дода шудааст. Бояд зикр намуд, ки яке аз ташаббускорони таъсиси ин ҷашн композитори маъруф Дмитрий Шостакович буд.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории ин ҷашн дар саросари ҷаҳон бо роҳандозии маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ, барномаҳои васеи консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандон ва гурӯҳҳои ҳунарӣ баргузор карда мешавад.
Дар ин рӯз аслан он асарҳое иҷро карда мешаванд, ки ба хазинаи тиллоии фарҳанги ҷахонӣ ворид гардидаанд.
Мусиқии тоҷик аз замонҳои қадим инҷониб дар ҳоли рушд қарор дорад ва он аз даврони давлатдории Сосониён дар ҷаҳон машҳур буд. Асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ Борбад маҳсуб мешавад, ки бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз ҳам ёд мешавад.
Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (592 – 628) Борбад асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш, ки мусиқидони шинохтаи замонаш буд, омӯхтааст.
Борбад ба сифати устоди фарҳангистони ҳунари Сосониён дар табақабандии даста, гурӯҳҳои ҳунарӣ, коргузории гурӯҳҳо (мусиқии дарборӣ, мусиқии ҳарбӣ, мусиқии маросимӣ, мусиқии размӣ, мусиқии базмӣ ва ғ.) хидмати шоиста намуда, барои ҳар гурӯҳи ҳунарӣ таснифоти мусиқӣ сохтааст. Ҳар дастаи тартибдодаи Борбад худ роҳбаре дошт, ки онро «хуррамбош» ва ё «хуниёкиҳ» , «хуниёакар» (роҳбари мусиқӣ) мегуфтанд.
Шахсият ва осори Борбад чун хориқаи бузурги ҳунарӣ мавриди баррасии аҳли таҳқиқ, ҳунару адаби ҳар давру замон будааст. Ба хотири абадигардонии шахсияти Борбад дар ҷумҳурӣ коху хиёбонҳо ба номи Борбад номгузорӣ ва доир ба дастовардҳои мусиқӣ Ҷоизаи ба номи Борбад таъсис дода шудааст.
Мусиқии тоҷик бо мурури замон тараққӣ кард ва жанрҳову усулҳои гуногунро касб намуд. Мусиқии анъанавии тоҷик ба якчанд шохаҳо тақсим мешавад, аз ҷумла мусиқии халқӣ, мусиқии халқӣ-касбӣ ва мусиқии касбӣ.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Кароматулло Раҳимов, мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов иброз дошт, «мусиқии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хеле тарақӣ намуда, на танҳо дар дохили кишвар, инчунин дар арсаи ҷаҳонӣ халқи тоҷикро ҳамчун мардуми санъатдӯсту соҳиби фарҳанги бой муаррифӣ намуд. Устодони санъати мусиқии тоҷик, аз ҷумла Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Мастона Эргашова, Файзалӣ Ҳасанов ва дигарон бо шеъру оҳангҳои эҷоднамудаи хеш дар дилу дидаи мардум ҷой доранд. Аниқтараш инҳо нафароне ҳастанд, ки мусиқии анъанавии тоҷикиро аз устодони худ омӯхта, ба тариқи шифоҳӣ ин санъатро идома медиҳанд».
Яке аз жанрҳои маъмули мусиқӣ, ки имрӯз бештар машҳур аст, жанри эстрада мебошад, ки ҳанӯз аз солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ дошт. Ин жанр асосан тариқи созҳои мусиқии гитор, синтезатор, асбобҳои зарбӣ, нафасӣ ва дигар асбоб навохта мешавад.
Агар аз солҳои 70-и асри гузашта сухан гӯем, яке аз гурӯҳҳои овозадори он замон, ки бо ин сабк суруду мусиқӣ месароид, гурӯҳи овозадори «Гулшан» аст. Аслан мусиқии эстрадаи тоҷик аз ҳамон давра тараққӣ кард. Сарояндагони машҳури ин гурӯҳи овозадор Кароматулло Қурбонов, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Баҳодур Неъматов, Муқаддас Набиева ва дигарон тавонистанд санъати эстрадаи тоҷикро ба мартабаи баланд бардоранд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифае наве барои ташаккули фарҳанги муосир боз гардида, дар ин замина пешбурди сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фарҳанги қадимӣ ва анъанаҳои миллӣ, ҷалби насли ҷавон ба санъати касбӣ, омўзиши анъанаҳои мусиқии тоҷик, марбутсозии қонунбандиҳои мусиқии тоҷик бо мусиқии ҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки муассисаҳои эҷодӣ маҳсуб меёбад. Таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз муҳит ва фазои фарҳангӣ ба чорабиниҳои сиёсии кишвар ҳусни тоза зам намуда, моҳияти онҳоро барои иштирокчиён ва бинандагон хотирмон месозад.
Муассисаҳои мусиқӣ, амсоли Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, оркестри симфонӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамблҳои гуногуни вокалӣ ва созӣ аз бисёр ҷиҳат баёнгари симои маънавии ҷомеа буда, аҳамияти умумимиллӣ доранд.
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташкили низоми такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи фарҳанг, инчунин ташкили амсилаҳои нави маҳфилҳои мусиқӣ, санъат, рақс, хор, бадеӣ ва умуман ташаккули коллективҳои бачагона барои кўдакони синни томактабӣ ва зиёд намудани ҳаҷми соатҳои дарси суруд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна тадбир меандешанд.
Рӯзи мусиқиро ба тамоми аҳли ҳунар ва дӯстдорони санъати волои мусиқӣ муборак мегӯем!
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ “Ховар”