Дар Хатлон ба занони соҳибкор грантҳои раиси вилоят супорида шуданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 17.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 октябр раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода дар маросими ботантана ба 21 нафар соҳибкорзанони вилоят грант супорид. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо мақсади дастгирии занони соҳибкор соли 2016 қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2017 қабул гардид. Бо ин мақсад 250 ҳазор сомонӣ ва 21 гранти раиси вилоят таъсис дода шуд.
Соли 2016 аввалин грантҳо ба занони соҳибкор дода шуданд. Соли равон низ комиссияи грантӣ аз 57 лоиҳаи воридгардида 21 лоиҳаи соҳибкорзанонро беҳтарин дониста, ғолибонро муайян намуд. Ёдовар мешавем, ки мақсад аз ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон буда, он аз 5 грант дар ҳаҷми 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ, 11 грант дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, 5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ иборат мебошад. “Мақсад аз таъсиси грантҳо мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ дар байни занон мебошад. Ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда барои пешравии соҳаҳои гуногун нигаронида шудаанд ва боварӣ ҳаст, ки дар оянда низ ин иқдом дастгирӣ меёбад”, –иброз дошт Д. Гулмаҳмадзода.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






