Дар Суғд аз сохтори аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ мегузаранд

Октябрь 20, 2017 09:29

ДУШАНБЕ, 20.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 дар миқёси вилояти Суғд 52 корхонаву коргоҳҳои нав қариб бо  500 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақша соли 2017 бояд дар вилоят 56 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешуд. Ба таъсири манфии омилҳои берунӣ нигоҳ накарда, давоми нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 6,9 млрд. сомонӣ расонида шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 132,9 фоизро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди босуръати соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти вилоят — соҳаи саноат, ба роҳ мондани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва  густариши иқтидори содиротии вилоят тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда, ба иҷрои ҳадафи пешгузоштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – гузаштан аз сохтори аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ дастёб гардид, ки ин барои гузариш ба рушди саноатии ба инноватсияҳо асосёфта заминаи қавӣ гузошт.

Октябрь 20, 2017 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад