Доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Полша ба рушди минбаъдаи ҳамкории судманд мароқ доранд

Октябрь 18, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 18.10.2017/АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар Варшава ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Полша оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Полша дар соҳаҳои  иқтисоду тиҷорат  баррасӣ гардиданд. Ятсек Михалски,  мушовири шуъбаи пешбурди  савдо ва сармояи Сафорати Ҷумҳурии Полша дар Тошканд бо дахли ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Полша дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  новобаста ба идома ёфтани омилҳои  берунӣ, ки ба рушди  савдои кишварҳо таъсири  манфӣ мерасонанд, шурӯъ аз оғози соли 2017 дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии  Тоҷикистону Полша тамоюлҳои мусбат  мушоҳида гардиданд. Агар дар давоми соли гузашта гардиши савдо байни ду кишвар дар қиёс ба соли 2015 –ум  16% коҳиш ёфта бошад, пас дар шаш моҳи соли равон табодули мол байни Тоҷикистону Полша 1,6 маротиба афзудааст. Тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти соли гузашта, ҳаҷми содироти мол аз Полша ба Тоҷикистон  11 % ё  9,9 миллион $  коҳиш ёфта бошад, дар аввали соли 2017 он ба андозаи   65% афзоиш ёфтааст. Воридоти мол аз Тоҷикистон ба Полша соли 2016 қариб се баробар кам гардида, соли равон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 73 % афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон Ятсек Михалски афзуд, ки  номгӯи хизматрасониҳо ва молҳои аз Полша ба Тоҷикистон содиротшаванда  бетағйир монда,  аз ҳаҷми умумӣ беш аз 18%  ба маҳсулоти озуқаворӣ ва молҳои тайёр рост меояд, қариб 16% таҷҳизот ва техникаи гуногун, 13% истеҳсоли маҳсулоти саноати кимёвӣ,   10% — маҳсулоти металлургияи ранга ва  6% -ро  равғани саноатӣ, маҳсулоти нафтӣ ва дигар маҳсулот ташкил медиҳанд.  Дар маҷмӯъ тамоми номгӯи маҳсулоти содиротии Полша ба Тоҷикистон  аз 16 бахш иборат мебошад. Асоси молҳои воридотиро аз Тоҷикистон ба  Полша  пахта ва  маҳсулоти аввалини он  — зиёда аз 61% аз ҳаҷми умумӣ, инчунин алюминий  ва маҳсулоти аз металлҳои ранга истеҳсолшуда – беш аз 21%,  чарбу, равғани чорво ва растанӣ 11% -ро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон ба гурӯҳи молҳои таҳвилӣ маҳсулоти  аз пластмасса, каучук ва резин истеҳсолгардида марбут буда,  дар маҷмӯъ номгӯи молҳои воридотӣ аз Тоҷикистон ба Полша ҳафт бахшро фаро гирифтааст.

Назар ба андешаи Ятсек Михалски, мушовири  шуъбаи пешбурди савдо ва сармояи Сафорати Полша дар Ӯзбекистон, яке аз вазифаҳои калидии дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Полша мусоидат ба ҳифзи тамоюли мусбати савдои мутақобила ва вусъати афзоиши маҷмӯи маҳсулот ва номгӯи он  мебошад, зеро иқтидори тиҷорати хориҷӣ  миёни ду кишвар, ҳанӯз ҳам ғайриқаноатбахш боқӣ монда, вале  мароқ ва таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳар ду давлат ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Полша хеле баланд аст. Ба андешаи номбурда, ҳамкории фаъолона  бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон дар робита ба мусоидат ба рушди робитаҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар  идома дорад. «Нақши муҳим дар ин самт ба назари ман ба  Палатаи  савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст»,- таъкид кард Я. Михалски.  Мавсуф афзуд, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ бо  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Хатлон ва Суғд  дар соли 2016 ва нимаи аввали соли равон Ёддошт оид ба ҳамкории мутақобила ба имзо расонида шуд.  Ҳамчунин  семинарҳои муштарак барои соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон гузаронида шуданд. Чунин семинарҳо моҳи июн дар вилояти Суғд ва моҳи сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Қӯрғонтеппа барпо карда шуд. Ҳамзамон намояндагони ширкатҳои тиҷоратии  Тоҷикистон ҳамасола ба Полша сафар карда, дар яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои бонуфузи аврупоии маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ-  «POLAGRA» иштирок менамоянд.  Натиҷаи сафари  доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба  намоишгоҳи  «POLAGRA-2016»-и   Полша  қадами муассир дар роҳи ба имзо расонидани як қатор қарордодҳои ҳамкорӣ ва таҳвили маҳсулот ба Тоҷикистон гардид.   «Умед дорем, ки сафари намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Познани Полша ҷиҳати  иштирок дар  намоишгоҳи  «POLAGRA-2017», ки соли равон доир мегардад,  дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт»,-  изҳор дошт  Ятсек Михалски.

Шакли хеле самараноки таҳкими робитаҳои иқтисодӣ байни ду кишвар иштироки намояндагони шуъбаи пешбурди савдо ва сармоягузории Сафорати Полша  дар Тошканд дар бузургтарин намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳое, ки дар Душанбе баргузор мегарданд, маҳсуб меёбад.

Ярмарка-намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон» ва ярмаркаи   байналмилалии тиҷоратии  «Суғд» аз ҳамин қабиланд.   Ба қавли Ятсек Михалски, ширкатҳои Тоҷикистон ва Полша имкониятҳои зиёд барои  рушди ҳамкории мутақобила дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, боғдорӣ, истеҳсоли сабзавот, ғалла, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, маводи сохтмон, саноати сабук ва туризмро доранд. Мавсуф афзуд, ки дар нимаи аввали моҳи октябр дар  Варшава баргузор гардидани ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша оид ба ҳамкории иқтисодӣ  дар самти густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Полша иқдоми муассир мебошад.

Зимни посух ба савол дар мавриди он, ки рисолати шуъбаи пешбурди савдо ва сармояи Сафорати Полша дар Тошканд аз чӣ иборат аст,  Ятсек Михалски гуфт, ки  самти фаъолияти шуъбаи мазкур ба мусоидат ба рушд ва таҳкими савдои мутақобилан судманд ва муносибатҳои иқтисодӣ байни давлатҳои шарик, аз ҷумла Тоҷикистон, тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ,  шиносоӣ бо  бозори содиротии шарикон ба манфиати рушди ҳамкории иқтисодӣ нигаронида шудааст.

                                        Марзия САИДЗОДА

Октябрь 18, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад