ФУТБОЛ: «Кӯктош» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум гардид

Октябрь 12, 2017 08:48

ДУШАНБЕ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дастаи «Кӯктош» -и ноҳияи Рӯдакӣ баъди ғалабаи калон бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо натиҷаи 7:0 як давр пеш аз анҷоми мусобиқа бори аввал дар таърихи худ ғолиби Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи якум гардид.  Тибқи низомномаи ФФТ, дастаи «Кӯктош»  ҳуқуқ пайдо кард, ки соли оянда дар қатори дастаҳои лигаи олӣ ҳунарнамоӣ кунад.

То анҷоми мусобиқа дар лигаи якум як даври дигар боқӣ мондааст. Дастаҳои «Эсхата»-и Хуҷанд, «Сомон»-и Данғара ва «Ваҳдат»-и Ваҳдат муборизаро барои ҷойҳои ифтихории 2-юм ва 3-юм то даври охирин, ки 18 октябр гузаронида мешавад, идома медиҳанд.

Имрӯз «Ваҳдат» дар майдони худ бо «Эсхата» ва «Парвоз» бо «Сомон» бо ҳам қувва меозмоянд.

 

 

Октябрь 12, 2017 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард