ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АНИМАТСИЯ. «Тоҷикфилм» рӯзҳои наздик ба таҳияи қисмати дуюми филми тасвирии «Кӯҳистонӣ» оғоз мекунад

Октябрь 28, 2017 10:16

ДУШАНБЕ, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик Киностутияи давлатии«Тоҷикфилм» ба таҳияи қисмати дуюми филми тасвирии таърихиву таълимии «Кӯҳистонӣ»  дар шакли 3D оғоз менамояд. Дар ин бора муовини директори «Тоҷикфилм» Толиб Раҳматуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Рӯзи байналмилалии аниматсия (филмҳои тасвирӣ), ки ҳамасола 28 октябр таҷлил мегардад, иброз намуд.

Толиб Раҳматуллоев гуфт, ки қисмати аввали ин филм  солҳои 2015-2016 дар ҳаҷми 15 дақиқа сохта шуда, аз ҷониби Шӯрои бадеӣ хуб пазируфта шуд. Ин филм моҳияти  баланди тарбиявӣ дошта, тасвирбардорон кӯшиш кардаанд, ки муносибати байни наврасони тоҷик ва аврупоиро инъикос намоянд. Дар филм  наврасон аз технологияи муосир хабардор ҳастанд ва кӯшиш мекунанд, ки бо бачагони хориҷи кишвар робитаи дӯстӣ дошта бошанд, яъне дар он пайванди наврасони ду қитъа  тасвир шудааст.

Мутахассисон кӯшидаанд, ки дар филм зимни мӯҳтавои он    дар бораи манзараҳои воқеии табиати зебову нотакрори  Тоҷикистон, дар бораи кӯҳҳо, дарёҳо, водиҳо, муносибати кӯдакони тоҷик, анъанаҳои миллӣ ва хусусияти ҷашни Наврӯз  қисса кунанд.

Новый рисунокБа андешаи Толиб Раҳматуллоев, аниматсияҳо барои нишон додани ин ҳама зебоиҳо бисёр воситаи хуб аст, тариқи ин жанр рассомон ва 3D-аниматорҳо ин ҳама зебоиҳоро метавонанд ба кӯдакон нишон диҳанд. Ҳатто ҳайвонҳое истифода шудаанд, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ҳама қаҳрамонҳо низ дар тан либоси миллии тоҷикӣ доранд.

Масалан, вақте кӯдакони Аврупо ба Тоҷикистон меоянд, дар рӯзи истиқболи соли нави тоҷикӣ наврасони тоҷик либоси миллӣ ба бар кардаанд ва бачагони аврупоӣ ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Яъне ин филм паҳлуҳои тарбиявӣ, таблиғотӣ ва омӯзишӣ низ дорад ва боварӣ дорем, ки талаботи тамошобини наврасро қонеъ мегардонад.

Вале бояд иқрор шуд, изҳор менамояд Толиб Раҳматуллоев,  ки ба тамошобини навраси тоҷик  тамошои ин гуна филмҳои баландмазмуни тасвирии ватанӣ  аҳёнан  насиб мегардад, дар нуқтаҳои дискфурӯшӣ филмҳои тасвирии истеҳсоли ватанӣ қариб, ки дида намешаванд.Аз ин хотир аксарияти филмҳои тасвирӣ аз хориҷи кишвар меоянд. Қисмате аз онҳо бо тарҷумаи забони тоҷикӣ ва қисмате бо забони русӣ пешкаш гардидаанд. Сабаби онро Толиб Раҳматуллоев чунин шарҳ дод: «Ҳоло мо филмҳои сохтаи аниматорони ҷавонро ба фурӯш набаровардаем. Зеро он филмҳо аз ҷониби ҷавонони навкор сохта шудаанд ва онҳо филмҳои омӯзишӣ ҳастанд, ҳамчунин аз камбудиву норасоӣ орӣ нестанд».

Агар мо дар бораи ҳақиқати ниҳонии филмҳои тасвирие, ки аз дигар кишварҳо вориди Тоҷикистон мешаванд, фикр кунем, мебинем, ки онҳо он гуна сохта шудаанд, ки ба кӯдакон писанд меоянд ва таваҷҷуҳи онҳоро зуд ҷалб мекунанд. Бо шарофати ташаккул ва пешрафи соҳаи техника ва технология қариб ҳар рӯз як филми тасвирӣ ба тамошобинони хурдсол пешкаш мегардад. Мо-волидон бояд донем, ки фарзандонамон дар телевизор чиро мебинанд.
Тавре маълум аст, филмҳои тасвирӣ аз расмҳои зиёд ба вуҷуд меоянд ва вақте ба кадрҳо назар афканем, онҳо зуд-зуд дигар мешаванд. Равоншиносон муайян кардаанд, ки вақте кӯдак ба филмҳои тасвирӣ зиёд дода мешавад, ба бемории логонервоз (тарзи нодуруст суханронӣ кардан) гирифтор мешавад.

Ҳоло каме ба таҳлили яке аз филмҳои тасвирӣ, ки тайи чанд соли охир диққати кӯдаконро ҷалб кардааст, мепардозем. «Маша ва Хирс»-ро («Маша и Медведь) қариб нафаре нест, ки надонад. Ин филми тасвирӣ тайи чанд сол аст, ки дар нуқтаҳои дискфурӯшии кишвар гардиш мехӯрад. На танҳо кӯдакон, балки калонсолҳо низ ба он таваҷҷуҳ намудаанд. То куҷо ин филм ба ояндаи кӯдакон фоидаовар аст? Мо дар қисмати аввали ин филми тасвирӣ мебинем, ки ҳангоми омадани Маша гӯё як туфон ё офати табиии дигар  сар мезанад, ки ҳама пинҳон мешаванд. Аз аввал амалҳои духтарак манфӣ ва бар зидди воқеаҳои табиат мебошанд. Дар ҳаёти воқеӣ кӯдакон нисбат ба ҳайвонот бисёр самимӣ ҳастанд, аммо муаллифи ин филми тасвирӣ ин воқеиятро аз миён бурдааст. Дар филм амалҳои Машаи хурдакак танҳо ба ранҷу азоб додани ҳайвонҳо равона карда шудаанд. Ё вақте ки Маша ба хонаи Хирс меояд, ҳангоми хӯрокхурӣ ҳамеша дар ҷои ӯ мешинад. Ин амал ҳатман таъсирашро ба кӯдак мерасонад.

Новый рисунок (1)

Муаллифони ин филми тасвирӣ дар нақши Маша ягон зара меҳру дилсӯзиро ҷо накардаанд. Бо вуҷуди он ки пайваста ҳамаро озор медиҳад, аз ин дилмонда намешавад. Кӯдакон аз он чӣ мегиранд? Мо медонем, ки муҳит ва нафарони дар он буда ҳатман ба кӯдак таъсир мерасонанд. Кӯдакон бошанд, дунёи худро дар асоси зиндагии қаҳрамонҳои филмхо ва китобҳо бунёд мекунанд. Агар қаҳрамони дӯстдоштаи кӯдак Маша шавад, пас ӯ дар оянда як нафари вайронкор ва худхоҳ ба воя мерасад. Ин мисоли ягона нест. Монанди ин филми тасвирӣ садҳои дигар ҳаст, ки ба зеҳни кӯдакон  таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Ба ақидаи Толиб Раҳматуллоев, агар мо филмҳои тасвириро ба тариқи умумӣ гирем, бояд ҳадаф ва мазмуни онҳо  як чиз —  ҷисман ва рӯҳан тарбия кардани бинанда, махсусан кӯдакон бошад. Агар дар ҳақиқат муҳтавои филм зӯроварона бошад, зулму ситамро тарғиб намояд, дар онҳо ҷангу ҷидолу моҷароҳо бошад, он гоҳ кӯдак дар асоси қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ эталон (намуна) меҷӯяд. Ҳамин тариқ, тарзи рафтор, гуфтор, ҳаркату амали онҳоро дар ҳаёти худ истифода мебаранд. Ба ин васила шахсият, ахлоқ, симои маънавии онҳо коста мегардад.

Дар робита ба ин, Толиб Раҳматуллоев изҳор намуд: «Исбот шудааст, ки жанри мултипикатсия яке аз жанрҳои нишонрас аст. Бисёре аз  филмҳои тасвирӣ, аз ҷумла «Маша ва Хирс» хусусияти ҳаҷвӣ ва мазҳакавӣ доранд ва барои кӯдакон ҷолибанд. Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз масъалаҳои мураккабтарине, ки дар назди мо истодааст, қочоқи ин гуна дискҳо ба кишвар мебошад. Мо якбора пеши роҳи инро гирифта наметавонем. Мо бояд аввал филмҳои тасвирии миллӣ мувофиқи завқи тамошобин истеҳсол кунем. Вақте бозори филмҳои тасвирии миллӣ гарм мешавад, ин гуна филмҳои тасвирӣ худ аз худ аз байн мераванд».

Набудани филмномаҳои хуби тасвириро Толиб Раҳматуллоев аз мушкилоти асосии соҳа шуморид.  Ӯ мегӯяд, гарчанде борҳо бо нависандагону драманависҳо  мулоқотҳо доир намудаанд, вале то ҳол аз ҷониби онҳо ягон филмномаи кӯдакона пешниҳод нагардидааст. Новобаста ба ин мутахассисони филмҳои тасвирии ватанӣ иброз медоранд, ки кӯшиш доранд, то филмҳои тасвириро дар сатҳи баланду сифати хуб мисли кишварҳои пешрафтаи истеҳсолкунанда омода кунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷомеаи тоҷик имрӯз ба филмҳои тасвирии миллӣ хеле ниёз дорад.  Зеро филми тасвирӣ ҷаҳонбинии кӯдаконро васеъ мегардонад. Агар хоси давраи кӯдакӣ бозӣ, филмҳои тасвирӣ ва афсонаҳо бошад писандашон, мо онҳоро аз ин чизҳо маҳрум карда наметавонем. Вале  бозӣ бояд бозии хуб, афсона афсонаи хуб ва филми тасвирӣ ҳам бояд аз ҷиҳати ахлоқӣ  хуб, омӯзанда ва тарбиявӣ  бошад.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2017 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад