Истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ барои муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 24.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрванд Баҳромқул Худойқулов, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа даст ба ҷинояти вазнин зада, муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳоро ба миқдори махсусан калон анҷом додааст.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, номбурда аз моҳи сентябри соли 2016 дар дохили корхонаи шахсии худ- ҶДММ «Баҳром-2016», воқеъ дар деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили зарфи пластмассии ғунҷоишаш 1000-литра 400 литр маҳсули кислотаи сулфатро бо мақсади коркард аз шахси номаълум дастрас карда, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.
21 октябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумрук прекурсори мазкур дарёфт ва тибқи протокол гирифта шуд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси кимиёвӣ аз 23 октябри соли 2017, маводи аз шаҳрванд Б. Худойқулов гирифташуда прекурсори навъи кислотаи сулфат буда, вазни умумиаш 724 килограммро ташкил медиҳад.
Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои Б. Худойқулов ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, дар асоси моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162, ва 168-и Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Б. Худойқулов ва дигарон бо моддаи 202, эзоҳи 1, қисми 3 банди «в» — и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






