Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» барҳам дода шуд

Октябрь 11, 2017 14:33

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз 9 октябри соли 2017  «Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»  ба тасвиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар асоси қарори мазкур   Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки  корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда,  тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати кӯтоҳтарин барои боздоштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозори мазкур ва дар якҷоягӣ бо дигар бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдо бо мақсади бо ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон ҷиҳати идома додани фаъолияти соҳибкориашон дар дигар нуқтаҳои савдои муқарраршудаи муносиб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бозори шохмансур 2 Шохмансур

 

Октябрь 11, 2017 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад