«Мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ
ДУШАНБЕ, 2.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 3 октябр, соати 10:00 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи «Забон – омили ҳастии миллат» ҳамоиш баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш мавзӯъҳои мухталифи забони тоҷикӣ, аз ҷумла «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими забони модарӣ», «Имконоти воҳидҳои луғавии забон дар ташаккули афкори омма», «Бозтоби чеҳраи устод Садриддин Айнӣ ҳамчун поягузори забони адабии тоҷик дар маводи озмунии нашрияи «Ҷумҳурият», «Мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор» баррасӣ мешаванд.
Иштирокдорон оид ба ин маърӯзаҳо ва мавзӯъҳои дигари илми забоншиносӣ табодули афкор мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






