МАЗОРИ НЕКУВОН
ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, мо – як гурўҳ устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади ширкат дар маросими ба хок супоридани доктори илмҳои филологӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Худоӣ Шариф ба мазори Лучоб рафтем, ки дар он ҷо арбобони намоён ва хизматнишондодаи кишварамон мадфунанд.
Баъд аз хатми маросими бахоксупорӣ таваҷҷуҳамонро қабрҳои наве ҷалб кард, ки муназзаму зебо, бо тарҳи меъмории фарқкунанда паҳлуи ҳам ҷойгир шуда буданд ва ба мисли ёдгориҳои таърихӣ ҷилваю чеҳра менамоёниданд. Дар навиштаи зери аксҳо хонда мешуд, ки онҳо, ба тартиб, марқадҳои Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафӣ мебошанд, ки аз Боғи Айнӣ ба ин макон кўчонида шудаанд.
Баъд аз мушоҳидаи манзараи мазкур ба ёдамон баҳсҳо ва сарусадоҳое омад, ки дар мавриди интиқоли оромгоҳҳои шахсони зикршуда ба миён омада буданд. Ба худ андешидем, ки дар натиҷаи чунин амали интиқол кори савобу хайре шудааст ва хостем, ки ин андешаамонро ба дигарон ҳам бирасонем.
Дўстон, худ биёеду ба чашми сар бубинед ва ба чашми ақл бингаред, ки чӣ иттифоқе пеш омадааст: якум, як гўшаи мазори некувон боз ҳам ободтар шудааст; дуюм, акнун сафи фотиҳахонҳо ба маротиб афзун мешавад. Маврид ба таъкид аст, ки ба раҳмати эзадӣ пайвастагон аз бозмондагон танҳо фотиҳа ва дуои некро мунтазиранд; сеюм, мошоҳидем, ки ҳарсол ба муносибатҳои гуногун хонандагон, донишҷўён, зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногун аз мазори некувон дидан мекунанд. Обод гардидани макони мазкур, чун ёдгории бегазанд, дар тарбияи ватандўстӣ ва шинохту арҷ гузоштан ба хидматҳои шоистаи абарфарзандони миллати тоҷик дар зеҳни зиёраткунандагон нақши муҳиме хоҳад гузошт.
Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ
доктори илмҳои филология,
мудири кафедраи таърихи
адабиёти тоҷики ДМТ,профессор
Муҳаммаддовуд САЛОМОВ,
номзади илмҳои филология,
дотсенти ДМТ










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






