Минбаъд кормандони муассисаҳои тиббии Тоҷикистон либоси ягона ба бар мекунанд

Октябрь 3, 2017 17:30

ДУШАНБЕ, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси ягонаи кормандони муассисаҳои тиббиро тасдиқ намуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом бо мақсади ба танзим даровардани либоси тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  роҳандозӣ гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар асоси ин иқдом сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ вазифадор гардидаанд, ки  кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд.

1

2

3

4

5

6

 

Октябрь 3, 2017 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад