Муовини раиси шаҳри Ваҳдат бо гумони қаллобӣ боздошт гардид

Октябрь 2, 2017 16:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти муовини раиси шаҳри Ваҳдат оид ба саноат ва сохтмон  Акобирзода Рустам Алӣ хабар дод, ки бо сӯиистифода аз мансаб ба қаллобӣ роҳ додааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, шаҳрванд  «А» ба Агентӣ бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбат ба муовини раиси шаҳри Ваҳдат оид ба саноат ва сохтмон Акобирзода Рустам Алӣ тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд. Зеро номбурда аз ў барои ҷудо намудани қитъаи замин аз маҳаллаи 20-уми шаҳри Ваҳдат 60 000 (шаст ҳазор) сомонӣ талаб карда гирифта, ягон амалро ба манфиати ӯ иҷро накардааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиши ариза муайян карда шуд, ки Акобирзода Рустам Алӣ ҳамчунин аз шаҳрванд С. Шаропов низ маблағи 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз маҳаллаи 20-уми шаҳри Ваҳдат дар масоҳати 0,06 га қитъаи замин ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад. Вале Акобирзода Рустам Алӣ  маблағҳои аз шаҳрвандон гирифтаашро тасарруф намуда, ба манфиати худ сарф намудааст. Ӯ ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накарда, бо кирдорҳои ҷинояткоронааш ба шаҳрвандон ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

«Барои кирдорҳои ҷинояткоронаи содирнамудааш нисбат ба Акобирзода Рустам Алӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад»,-зикр намуд манбаъ.

Октябрь 2, 2017 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад