Нисбат ба афроде, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад

Октябрь 2, 2017 15:35

ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда дар Тоҷикистон  нисбат ба шахсоне, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, парвандаи ҷиноятӣ  боз карда мешавад.       Дар ин росто 2 октябр вакилони палатаи поёнии    Парлумон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ки масъалаи мазкурро дар назди вакилон тавзеҳ дод, гуфт, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои санадҳои судӣ таҳия шудааст. Вазири адлия афзуд, ки дар асоси моддаи 178 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки  дар зарфи се моҳ аз пардохти алимент барқасдона саркашӣ менамоянд, ба муҳлати то се сол  аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Дар ҷаласаи Парлумон ҳамзамон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйирот ворид карда шуд.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Умаров масъалаи  мазкурро  шарҳ дода, гуфт, ки «ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур барқарор намудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби тағйироти ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, маҳсуб мешавад».

Октябрь 2, 2017 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид