Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии драмнависон қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 2.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, иштирокчиён ва ғолибони озмунро муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб табрик гуфта, ба фаъолияти ояндаи драматургияи тоҷик муваффақият таманно намуд.
«Драматургияи тоҷик бояд хислати тоҷикона дошта бошад, мисли назму насри тоҷик. Саҳнаҳои тезу тунд на он қадар хоси драматургияи моянд. Театри тоҷик бояд зебо, шоирона ва нозук бошад», — зикр намуд Ибодулло Машраб.
Ҳайати доварони озмун ҷои дуюмро ба асари «Баҳори Фаронса»-и Тоҳири Маҳмадризо ва «Навҳаи камондор»-и Ҷумъа Қуддус лоиқ донистанд. Ҷои сеюми озмун насиби Ато Ҳамдам бо асари «Дар кӯчаҳои қисмат» ва асари «Ишқи интернетӣ»-и ҳаммуаллифон Н. Шарипов ва А. Икромов гардид.
Бояд гуфт, ки ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд. Инчунин асари се драмнавис: «Шикор»-и Маҷид Салим, «Худоназаркарда»-и Абдуғаффор Абдуҷабборов ва «Маро маломат накунед»-и Абдувадуд Файзиев диққати доварони озмунро ба худ ҷалб намуда, сазовори туҳфаҳои ҳавасмандгардонӣ шуданд.
Боиси зикр аст, ки асарҳои ғолибони озмун дар шакли маҷмӯа бо номи «Дар кӯчаҳои қисмат» дарҷ гардида, дастраси мухлисони театр ва ҳунарпешаҳо гардидаанд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






