Ҷомеаи ҷаҳонӣ куҳансолонро неруи мусбат дар рушду пешрафти иҷтимоӣ меҳисобад

Октябрь 16, 2017 14:30

ДУШАНБЕ, 16.10.2017/АМИТ «Ховар»/. «Даъвати куҳансолон барои истифодаи дониш, истеъдод ва таҷрибаашон дар рушди ҷомеа»-таҳти чунин унвон дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмию амалӣ  доир гардид. Дар кори ҳамоиш  донишмандони соҳаи геронтология,  коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ ва рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун суннати неки ниёгонамон куҳансолон ҳам аз ҷониби фарзандону наздикон ва ҳам аз тарафи Ҳукумати кишварамон бо ғамхориҳои ҳамарӯза фаро гирифта шудаанд»,-баён дошт муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров зимни ифтитоҳи ҳамоиш. Мавсуф афзуд, ки  барои дар сатҳи баланди қонунгузорӣ ҳал намудани мушкилоти куҳансолон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст, ки на фақат  падару модарон барои таълиму тарбияи фарзандон ҷавобгаранд, балки дар навбати худ фарзандон низ барои нигоҳубини падару модарони куҳансоли худ масъуланд.

Бояд тазаккур дод, ки барои ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудани собиқадорони ҷангу меҳнат ва пиронсолон дар шаҳру навоҳии кишварамон аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки насли куҳансол худро дар ҷомеа танҳову нодаркор ҳис накунанд ва ҳамеша фаъолу  тандуруст бошанд.

Дар ҳамоиш директори Маркази тиббии шаҳри Душанбе Соҳибназар  Раҳмонов ва ҳамоҳангсози Маркази геронтологияи Осиёи Марказӣ Валентина  Солодова зикр намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ куҳансолонро на сарборӣ, балки чун неруи мусбат дар рушду пешрафти иҷтимоӣ меҳисобад. Мавриди зикр аст, ки мақом ва нақши куҳансолон ба таври возеҳу равшан аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид дар баёнияи «Ҳаёти куҳансолонро фаъол менамоем» дарҷ гардида, дар Ассемблеяи генералии 46-уми ин созмони бонуфузи байналмилалӣ 16 декабри соли 1991 қабул ва минбаъд такмил дода шуд. Аз ин рӯ, бояд барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти куҳансолон ва истифодаи таҷриба ва дониши андӯхтаи онҳо дар  таълиму тарбияи насли наврас кӯшишу талоши  бештар ба харҷ диҳем.

 

Октябрь 16, 2017 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд