Пешвои миллат: «Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд»

Октябрь 16, 2017 13:24

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат ва тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ба нафъи кишварҳои минтақа равона кардани ин захираҳо изҳор карданд, ки: «Тоҷикистон дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷойгир аст.

Истифодаи чунин захираҳо яке аз заминаҳои асосии ташаккул ёфтани «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, идоракунии самараноки унсурҳои дигари он, аз ҷумла, захираҳои обӣ, экология ва рушди устуворро таъмин менамояд.

Мо ният дорем, ки ин сарвати худро ба нафъи кишвар ва минтақа истифода намоем. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷода пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад».

Зикр шуд, ки чанде пеш Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии 137 кишвари оламро дар асоси нишондиҳандаҳои мухталифи иқтисодӣ муайян намуд. Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи арзёбии сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтори худ ҷойи 70-умро ишғол кард, ки барои минтақаи мо нишондиҳандаи хуб мебошад.

Сарвари давлат ҳамчунин сифати роҳҳои мошингардро дар ҳудуди Тоҷикистон баҳогузорӣ карда, таъкид намуданд, ки дар самти бунёди инфрасохторҳои зарурӣ саҳми кишварҳои арабӣ зиёд аст: «То имрӯз дар кишвари мо беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, мо ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории дорои аҳаммияти минтақавӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳем ва ба бунёди “бандарҳои хушкӣ” (хабҳо) манфиатдорем.

Мақсади мо аз татбиқи ин лоиҳаҳо тавсеаи имкониятҳои транзитии минтақа бо роҳи ташаккул додани долонҳои нақлиётӣ ба самти бандарҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани терминалҳои наздисарҳадиву марказҳои логистикӣ мебошад.

То ба имрӯз ниҳодҳои молиявии кишварҳои арабӣ, ба монанди бунёдҳои рушди Саудӣ, Кувайт, Абу Забӣ ва амсоли онҳо дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд».

Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармоягузории хориҷиро ба дигар бахшҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ карданд: «Вале ин дар муқоиса бо ҳаҷми сармоягузории дигар давлатҳо ночиз аст. Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва коркарди маъдан имкониятҳои хеле васеъ дорад.

Дар кишвари мо зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.

Мо ҳамаи навъҳои сангу металлҳои қиматбаҳо ва ашёи хомро дорем, ки истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судбахши иқтисодист».

Дар баробари захираҳои то ҳанӯз истифоданашудаи соҳаи саноат ва коркарди маъдан аз шароит ва имкониятҳои васеи бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон, инчунин сарвати асосии мамлакат – оби тоза ва сарчашмаҳои он изҳори назар карда шуд, ки «ҳиссаи бахши кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими стратегии иқтисодиёти Тоҷикистон дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории аҳолӣ, ҳамчунин таъмин намудани соҳаҳои саноат бо ашёи хом бузург аст.

Иқлими барои кишоварзӣ мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар як сол аз замин то чор ҳосили зироати аз лиҳози экологӣ тоза рӯёнида шавад.

Ҳамзамон бо ин, аҳамияти Тоҷикистон дар сарвати асосии табиии он – оби тоза зоҳир мегардад ва кишвари мо аз рӯи захираҳои он дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон 13 ҳазор пирях ва қариб 1000 дарё мавҷуд аст, ки онҳо манбаи ташаккули қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд.

Ин сарвати бебаҳо метавонад эҳтиёҷоти на танҳо кишварҳои минтақаи моро бо оби ошомиданӣ қонеъ гардонад, балки ҷиҳати таъмин намудани талаботи дигар кишварҳои эҳтиёҷманд, ки аз ин захираи табиӣ танқисӣ мекашанд, истифода шавад».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба иштирокдорони иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкори судманд дар бахшҳои зикршуда таъкид намуданд: «Бо дарназардошти ин омилҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус, меваю сабзавот ва нахи пахта, ҳамчунин, ба роҳ мондани содироти оби нӯшокӣ аз лиҳози иқтисодӣ даромаднок ба шумор меравад.

Мо омодаем, ки дар самтҳои зикргардида бо ҳамаи ҷонибҳои хоҳишманд ҳамкории созандаву судманд ба роҳ монем».

 

Октябрь 16, 2017 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад