Саҳми олимони Франсия дар таҳким ва омӯзиши ёдгориҳои Саразм ва Панҷакенти қадим назаррас аст
ДУШАНБЕ, 4.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми олимони Франсия дар таҳким ва омӯзиши ёдгориҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ-Саразм ва Панҷакенти қадим»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Маркази дастхатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муштараки байналмилалии бостоншиносони Тоҷикистон ва Франсия доир гардид.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Зикриё Акрамӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр намуд, ки ҳамкории бостоншиносони ду давлат аз соли 1984 то имрӯз дар ёдгории Саразм-иншооти мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО идома дорад. Дар Тоҷикистон ва Франсия асару мақолоти илмии бостоншиносони ин ду кишвар ба табъ расидаанд, ки оид ба таърихи куҳани халқи тоҷик ва Саразми бостон маълумот медиҳанд.
Мақсади ҳамоиши илмиро Зикриё Акрамӣ дар табодули таҷриба, муаррифии тадқиқоти якдигар ва хабардор шудан аз услуб ва тарзи корбарии олимони Франсия арзёбӣ намуд.
Абдурауф Раззоқов, ходими калони илмии бостоншиносии Панҷакент-Саразм, ки беш аз 35 сол боз дар ёдгории Саразм ба ҳафриёт машғул аст, мегӯяд, ки «кашфиёти Саразм солҳои 70-и қарни гузашта дар илми бостоншиносии Шарқ ҳангомаи аср шуморида мешуд. Зеро то пайдоишу кашфиёти Саразм дар илми таърихнигорӣ гуфта мешуд, ки мардум дар кӯҳистони танг аз тамаддун, маданияти шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ орӣ ҳастанд. Хушбахтона, кашфиёти Саразм аз тарафи муҳаққиқи он шодравон Абдулло Исҳоқӣ, пажӯҳиши шогирдонашон ва олимони франсуз исбот намуд, ки ҳанӯз 5500 сол пеш дар Саразми Тоҷикистон маданияти шаҳрдорию шаҳрсозӣ вуҷуд дошт».
Ба андешаи бостоншинос, шиносоӣ бо таҷрибаи бостоншиносони тоҷик дар минтақаҳои кӯҳсор, усули ҳифз намудани мавзеъҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли ёдгории таърихии қадимаи Саразм, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Зарафшон ва ҷараёни ҳафриёти ёдгории таърихии Саразм барои ҷавонон, донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавони тоҷик бисёр муҳим аст.
Ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти бостоншиносии Франсия Фредерик Брюнэ аз фаъолияти 33-солаи пурсамар бо бостоншиносони тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, зикр кард, ки «дар айни замон бостоншиносони Франсия бо мутахассисони тоҷик ба тадқиқоти комплексии (биологӣ, зоологӣ, муҳити зистӣ, муайян намудани намуди зироат, боғдорӣ, геология ва дигар соҳаҳои ҳаёти мадании) Саразми бостонӣ машғулем, ки он имконият медиҳад дар бораи ин шаҳри бостонӣ маълумоти бештар ба даст биёрем».








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






