Сада ва Меҳргонро низ метавонем мисли Наврӯз ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем-бардошт аз симпозиум
ДУШАНБЕ, 13.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Меҳргон Симпозиуми байналмилалии илмии «Ҷашни Меҳрон ва Сада дар оинаи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» доир гардид.
Зимни ифтитоҳи Симпозиуми илмӣ ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад иброз дошт, ки сегонаи ба ориёиён тааллуқдошта – Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз ҷашнҳое маҳсуб мешаванд, ки вобаста ба муҳтавои худ аҳамияти байналмилалӣ доранд.
«Дар маҷмӯъ, мардуми эронитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекард ва ҷашн мегирифт. Зеро ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд»,-зикр намуд А. Муҳаммад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони симпозиумро бо ҷашни Меҳргон табрик намуда, ба кори он муваффақият таманно намуд.
А. Раҳмонзода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки тоҷикон бо таърих ва фалсафаи ҷашни Меҳргон бояд аз наздик ошно бошанд, то бидонанд, ки гузаштагони мо дар таҳияи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ бо номи ориёиҳои қадим чӣ нақше аз худ боқӣ гузоштаанд.
Ба андешаи академик, «имрӯз баъзе паҳлуҳои ойини ҷашни Меҳргон муайян шуда бошанд ҳам, вале қисмати зиёде аз масъалаҳои вобаста ба доир гардидани он ҳанӯз норавшан мондааст. Мо бояд низоми ягонаи таҷлили ин ҷашнро ба он гунае, ки ҷашни Наврӯзро муайян кардаем, таҳқиқ намуда, бо кадом шакл ва дар кадом доира ҷашн гирифтани онро муайян созем».
Зимни суханрониҳои олимони дохиливу хориҷӣ, ба мисли Акбар Турсун, Муҳаммадқул Ҳазратқулов, Аббосалӣ Гасанов, Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ, Франсис Ришар ва Ямо Шароф ҷиҳати пайдоиш ва ҷашнгирии Меҳргону Сада, таърихи пайдоиши ин ҷашнҳо, ташаккул ва инкишофи онҳо дар давраҳои мухталиф дар пояи сарчашмаҳои хеле муътамади таърихӣ изҳори назар карда шуд. Ҳамзамон онҳо дар бораи ҷашни Меҳргон нишонаҳои боризеро аз русуму одати он дар ҷумҳуриҳои собиқи Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Озарбойҷон ва ғайраҳо таъкид намуданд.
Аббосалӣ Гасанов, аз ҷумла, зикр кард, ки Меҳргон дар тамоми минтақаҳои Озарбойҷон ҳам мисли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар адабиёти Озарбойҷон, хусусан дар қисмати адабиёти шифоҳӣ-фолклорӣ доир ба ин мавзӯъ шеъру тарона ва достонҳои зиёд мавҷуданд. «Меҳргонро дар кишвари мо истилоҳан иди маҳсул низ мегӯянд. Тибқи сарчашмаҳо мардум баъди ҷамъоварии кишту кор аз натиҷаи ҳосил хушҳолӣ мекарданд, таронаҳои мухталиф иҷро мекарданд, яъне натиҷаи ҳосили онҳо ба ҷашнвора табдил шудааст»,-изҳор намуд А. Гасанов.
Чунин ҳамоишҳои олимон нишон медиҳад, ки майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо фарох аст.
Изҳори умед мекунем, ки муҳаққиқини мо имрўз ва минбаъд паҳлуҳои муҳиму гуманистии кашфношудаи ин марҳилаҳои меҳнатии солонаи кишоварзонро кашф намуда, минбаъд ба тавсифи амиқи таърихию илмӣ, астрономӣ, вожашиносию мардумшиносӣ, фалсафӣ-фарҳангшиносии Меҳргон ва Сада камар мебанданд, то дар ояндаи наздик тавонем мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.
Мавҷуда АНВАРӢ











Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд






