Стратегия ва рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябри соли 2017 бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (ВҲК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва рамзи ВҲК тасдиқ гардиданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак вазифаи Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд»,- хабар дод манбаъ ва илова намуд, ки «аз ҷониби ВҲК ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВҲК дар самтҳои алоҳидаи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла, ҳуқуқ ба таҳсил, адолати судӣ нисбат ба ноболиғон ва ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият, гузоришҳои ҶТ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомоти СММ, инчунин тавсияҳои аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ пешниҳодгардида мавриди таҳлил қарор дода шуданд».
Бояд ёдовар шуд, ки ба ғайр аз амалисозии фаъолият дар самти афзалиятнок ВҲК вазифаҳои асосии худро вобаста ба дигар самтҳо, аз ҷумла, дар самтҳои мониторинги риояи ҳуқуқҳои кӯдак ва омодасозии маърӯзаҳои солона дар бораи фаъолият, қабул ва баррасии муроҷиатҳо вобаста ба вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдак ва гузаронидани санҷишҳо, пешбурди ҳуқуқҳо ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ҳамчунин таъмини иштироки кӯдакон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои онҳо иҷро менамояд.








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






