Стратегияи ҲИМОМ-2030 ба ҳадафҳои байналмилалии рушди давлатҳои аъзо таҳкими бештар мебахшад

Октябрь 27, 2017 17:19

ДУШАНБЕ, 27.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори «Аржанг»-и Кохи Наврӯз дар доираи Ҷаласаи 16—уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ  суҳбат доир гардид, ки дар он масъалаи «Ҳамкории ҷадиди иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ  (ҲИМОМ): Платформаи кушода ва фарогир барои пайвастани одамон, сиёсат ва лоиҳаҳо» муҳокима гардиданд.

Тавре Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зикр намуд, дар ҷаласа  масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин таъсири онҳо ба минтақаи ҲИМОМ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ҷаласа директори генералии Идораи иқтисод ва тадқиқоти Бонки Осиёии Рушд Ясуюки Савада доир ба пешниҳодоти глобалӣ ва минтақавӣ оид ба рушди иқтисодӣ ва оқибатҳои он барои кишварҳои ҲИМОМ ва муовини директори Идораи кишварҳои Ховари наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор Юха Кяхконен оид ба вазъи иқтисодии минтақаи ҲИМОМ ва дурнамои он сухан гуфтанд.

Сипас, узви котиботи ҲИМОМ оид ба корҳои анҷомдода ҳисобот дода, лоиҳаи ниҳоии ҳуҷҷати қолабии стратегии дарозмуддати ҲИМОМ -2030-ро барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2016 Котиботи ҲИМОМ аз конференсияи 15-уми вазирон барои таҳияи стратегияи нави дарозмуддат супориш гирифта буд. Директори генералии Идораи Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Шон Салливан, ки якҷоя бо ҳайати худ ин корро роҳнамоӣ мекард, лоиҳаи «Стратегияи ҲИМОМ -2030: пайвасти минтақаҳо барои рушди муштарак ва устувор»-ро муаррифӣ намуд. Нахуст муаррифии навори видеоии кӯтоҳ оид ба ҲИМОМ -2030 пешкаши иштирокдорон гардид.

Зикр шуд, ки зимни таҳияи лоиҳаи Стратегияи нав 11 кишвар, ниҳодҳои давлатӣ, шарикони дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба рушд, марказҳои таҳлилӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ иштирок намуда, 350 маротиба вохӯриҳо доир карданд.

Ба маълумоти коршиносон, Стратегияи мазкур аз панҷ бартарияти муҳим, аз ҷумла, бахши устувори иқтисодӣ ва молиявӣ, долонҳои тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва иқтисодӣ, ҳамбастагии инфрасохторӣ ва иқтисодӣ, кишоварзӣ ва захираҳои обӣ ва рушди инсонӣ иборат аст.

Баъди муҳокимарониҳои вазирони ҲИМОМ Стратегияи нав қабул гардид. Дар робита ба ин, Вазири корҳои иҷтимоии Афғонистон Яма Ярӣ, муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Ниёзӣ Сафаров, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Мингжи, вазири рушди маҳал ва инфрасохтори Гурҷистон Зураб Алавидзе, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Тимур Сулейменов, вазири иқтисоди Қирғизистон Артем Новиков, директори генералии Идораи маблағгузорӣ дар соҳаи рушди вазорати молия ва ҳамоҳангсози миллии ҲИМОМ- Муғулистон Дорджсембед Батсенге, котиби шуъбаи муносибатҳои иқтисодии вазорати молия, даромад, муносибатҳои иқтисодӣ, омор ва хусусигардонии Покистон Ориф Аҳмад Хон ва намояндагони кишварҳои Туркманистону Ӯзбекистон андешаҳояшонро иброз намуданд.

Гуфта шуд, ки стратегияи нави дарозмуддат, ки барои шомил шудани барнома ба даҳсолаи сеюми фаъолияти худ кумак мекунад, якдилона ҷонибдорӣ гардид. Стратегияи мазкур ҳамчун майдони асосии ҳамкории  иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа шуморида шуда, дар доираи он, аз ҷумла, дар самтҳои нав ва технологияҳо ҳамкории густарда ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон он ташаббусҳои минтақавиро дар самтҳои рушди сайёҳӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии идораи фаромарзии захираҳои обӣ, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, вусъатбахшии ҳамкории минтақавӣ дар самти маориф дар бар мегирад.

Бояд зикр намуд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар ин бахшҳо барои амалӣ гардидани ҳадафҳои Стратегияи нав мусоидат намуда, дастгирӣ намудани ин соҳаҳо ба иқтидори ҲИМОМ дар самти таъмини афзоиш ва ба даст овардани ҳадафҳои байналмилалии рушди давлатҳои аъзо  таҳкими бештар мебахшад.

 

Октябрь 27, 2017 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид