Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Октябрь 7, 2017 13:18

ДУШАНБЕ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат, ки дар фазои барои муносибатҳои сарони ду давлат хоси самимият ва дӯстона сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати 65-солагиаш сидқан табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обрӯ ва эътибори баланди Владимир Путин дар паҳнои Россия ва берун аз ҳудуди он ишора карда, нақши муассири ӯро дар раванди рушди бемайлони муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Россия ба таври хоса таъкид карданд.

Қайд гардид, ки талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар буда, омили муҳими суботу амнияти минтақа мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи як қатор масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои хусусияти байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор анҷом доданд.

Қаблан Сарвари давлати Тоҷикистон унвонии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

Октябрь 7, 2017 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд