Тарроҳи машҳури Япония ба Тоҷикистон меояд

Октябрь 27, 2017 15:14

ДУШАНБЕ, 27.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 1 то 3 ноябри соли равон сафари эҷодии ҳайати намояндагии фарҳангии кишвари Япония дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Зимни ин сафар тарроҳи машҳури сатҳи ҷаҳонӣ Ҷунко Кошино намоиши мӯд барпо мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Япония   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷунко Кошино дар шаҳру кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла, дар Пекин, Ню-Йорк, Ветнам, Куба, Полша, Мянма намоиши мӯд доир кардааст. Соли 2006 ӯ ба гирифтани нишони Cavaliere dell ‘Ordine della Stella della Solidarieta Italiana (Ордени Италия) мушарраф гардидааст. Ҷунко Кошино узви кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии Токио — 2020 ва Намояндаи махсуси Экспо-2025 дар шаҳри Осака мебошад.

Намоиши мӯд 2 ноябри соли 2017, соати 16:00 дар толори калони Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ҷараёни намоиш маҷмӯи либосҳои омода кардаи тарроҳи Япония Ҷунко Кошино ва тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова  ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Пас аз намоиши мӯд филми ҳунарии японии «Ҳамеша: ғуруб дар хиёбони 3» намоиш дода мешавад. Филми макур дар бораи Бозиҳои олимпии Токио дар соли 1964 нақл мекунад.

Сафари эҷодии ҳайати намояндагии фарҳанги Япония бо ташаббуси Бунёди Япония, Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Октябрь 27, 2017 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад