Ҷаласаи ояндаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои ИДМ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор карда шуд, ки ҷаласаи ояндаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 1 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир карда шавад. Дар ин бора раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иттилоъ дод,- хабар медиҳад ТАСС.
Лебедев ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар доираи ҷаласа бо иштироки ҳайатҳои расмӣ қарор дар бораи шунидани иттилоот оид ба ду масъалаи рӯзномаи ҷаласа қабул гардид. Дар доираи масъала дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди Беларус қарори баррасии ҷараёни кор дар самти омодасозии лоиҳаи созишнома дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ қабул гардид.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар он Сарвазири Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Арманистон Карен Карапетян, Сарвазири Беларус Андрей Кобяков, Сарвазири Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев, Сарвазири Қирғизистон Сапар Исаков ва Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои ИДМ масъалаҳои амният ва рушди иқтисодии кишварҳои Иттиҳод баррасӣ гардиданд. Сарвазирон дар бораи маблағгузории низоми мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДМ созиш карданд. Онҳо ҳамчунин дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ гуфтугӯ намуда, таъкид намуданд, ки он бояд болоравии иқтисоди кишварҳоро вусъат диҳад.
Дар хотимаи ҷаласа 10 ҳуҷҷат, аз ҷумла, Қарор дар бораи иҷрои созишҳо оид ба савдои озод ба имзо расиданд. Инчунин созишнома дар бораи табодули иттилоот дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он қабул гардид.
3 ноябр Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро муҳокима намуданд,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Ӯзбекистон.
«Дар мулоқот оид ба ҳавасмандии дуҷониба дар рушди ҳамкории созанда ва самарабахш ибрози андеша карда шуд», — хабар додааст хадамоти матбуоти Сарвари давлати Ӯзбекистон.
Аз ҷумла, Мирзиёев муҳимияти истифодаи самараноки иқтидори комиссияи муштараки байниҳукуматиро барои роҳандозии лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон махсус таъкид намуд.
Қоҳир Расулзода барои қабули самимӣ ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори сипос намуда, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми шодбошӣ ва таманниёти некро расонид.









Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд






