Анҷоми сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Ноябрь 3, 2017 13:38

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари расмии  Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон идома ёфт. Дар доираи сафар Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори кишвари биҳиштосои мо дар ноҳияи Варзоб ва боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун, сабзавоту меваҳои тару тоза ва шаҳдбори Тоҷикистон, хушкмеваҳо, нону кулчаҳо, анвои дигар ва таъомҳои хушлаззати миллӣ намоиш дода шуд, ки писанди меҳмонон гардид.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ дар фазои орому босубот ҳаловат бурданд.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хосиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.

Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуд.

Ҳамин тавр сафари расмии Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон анҷом ёфта, Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ашхобод баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Туркманистон бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 2 ва 3 ноябр бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни ин сафари бобарор Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони воломақоми Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир кард.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд. Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ба беш аз 70 адад расид.

Яке аз санадҳои пурарзиши муносибатҳои ду кишвар, ки аз ҷониби Сарони давлатҳо ба имзо расид, Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ мебошад. Татбиқи самараноки санадҳо барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд ва баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Анҷоми сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 03.11.2017

Ноябрь 3, 2017 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд