Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ тоҷирро аз харидор фарқ кардан душвор аст
ХОРУҒ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади иҷрои риояи бандҳои Қонун «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба либоси ягона ва нишони сарисинагӣ дар бозори марказии шаҳри Хоруғ санҷиши навбатӣ баргузор карданд. Як тан аз кормандони Раёсати мазкур Зафар Мирзонаботов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ҳар як меҳмон ва ё сайёҳе, ки ба мамолики Шарқ сафар мекунад, пеш аз ҳама, аз бозор хабар мегирад. Аз ин рӯ соҳибкорону тоҷироне, ки дар бозор ба хариду фурӯш машғуланд, бояд ба фарҳанги либоспӯшӣ, муоширату муносибати худ аҳамияти бештар зоҳир кунанд. Ҳар як харидор бояд дар тани худ либоси хос дошта бошад, то харидор ӯро аз дигарон фарқ кунад. Ҳамчунин нишони сарисинагӣ дошта бошад, ки дар сурати ноқис будани мол харидор донад, ки онро аз кӣ харидааст. Аммо бештари соҳибкорони бозор ва дӯкону мағозаҳои шаҳри Хоруғ ҳанӯз ҳам аз пӯшидани либоси ягона сарфи назар мекунанд ва харидорон хангоми хариди мол бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро ҳеҷ фарқе миёни харидору фурӯшанда намебинанд».
Ба гуфтаи кормандони раёсати «Тоҷикстандарт», минбаъд агар тоҷирон либоси ягона ба бар накунанд, аввал ҷарима ва дар сурати такрор ёфтани ин амал фаъолияти онҳо қатъ хоҳад шуд.
Яке аз дигар мушкилоте, ки харидорон бо он дар бозору мағоза ва ошхонаву дӯконҳои савдо дучор меоянд, ин муайян набудани нархи дақиқи молу маҳсулот аст. Дар робита ба ин зимни санҷиш кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят оид ба муҳимияти пӯшидани либоси ягона, доштани нишони сарисинагӣ ва часпондани нархномаи маҳсулот бо соҳибкорону тоҷирони бозор корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






