Дар назди Вазорати мудофиа маркази таълимии минтақавӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки тарканда таъсис меёбад

Ноябрь 10, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ«Ховар»/. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Роҳбари Дафтари барномаи Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Туула Юрёла оид ба лоиҳаи ғайрибуҷетии Дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба “Барномаи ҳамкории маҷмўӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки тарканда” Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, шартномаи ҳамкорӣ зимни вохӯрии ҷонибҳо 9 ноябр ба имзо расида, дар мулоқот  доир ба вазъи амалӣ гардидани як зумра барномаҳо дар доираи ҳамкории самарабахши ҳарбӣ бо ин Созмон, густариш додани муносибатҳои низомӣ ва дигар масоили марбут ба нақшаю дурнамои ҳамкории гуногунҷабҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо аз саҳми Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  дар татбиқи  лоиҳаи навбатӣ дар самти таъсиси маркази таълимии минтақавӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки тарканда дар назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои гузаронидани курсҳои махсус ва дар заминаи он  таъмини иқтидори устувори миллии безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Роҳбари Дафтари барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Туула Юрёла низ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи амалии муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо баланд арзёби намуда, оид ба амалӣ намудани барномаҳои лоиҳавии пешниҳоднамудаи Вазорати мудофиа изҳори омодагӣ кард.

Ноябрь 10, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад