Дар Парлумон такмили қонунгузории соҳаи об ва замин баррасӣ гардид

Ноябрь 28, 2017 14:19

ДУШАНБЕ, 28.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 80% маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз заминҳои обёришаванда гирифта мешаванд. Ин нукта зимни ҷаласае, ки оид ба омӯзиши нуқтаи назари коршиносон нисбат ба такмили қонунгузории соҳаи об ва замин дар Парлумон доир гардид, зикр шуд.

Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бо  назардошти нақши муҳими обёрии кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ  зарурати тақвияти корҳо дар ин бахш ва аз худ кардани заминҳои нави кишоварзӣ бо мақсади иҷрои  «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020»-ро махсус таъкид карда буданд.

Инчунин зикр шуд, ки Парлумон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳдошти замин ва обёрӣ» -ро  мавриди омӯзиш ва таҳия қарор додааст.

Таъкид гардид, ки бо мақсади мукаммал намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об»  гурӯҳи вакилон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисону коршиносони  соҳа қонуни мазкурро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода, дар таҳияи нав омода намудаанд, ки дар он таҷрибаи   кишварҳои Арманистон, Амрико ва Қирғизистон истифода хоҳад гашт.

Ноябрь 28, 2017 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид