Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи бошукӯҳ доир шуд

Ноябрь 16, 2017 17:28

ХОРУҒ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо ширкати беш аз 3 ҳазор нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон барномаи идонаи адабӣ-мусиқӣ, намоиши асарҳои адибону нависандагони муосири тоҷик ва маҳсули ҳунари  миллии  ҳунармандони маҳаллӣ  баргузор шуд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед иштирокчиёни ин тантанаи идонаро ба муносибати Рӯзи Президент табрик намуда, изҳор дошт, ки “соли дуюм аст, ки халқи тоҷик ин рӯзро ботантана таҷлил мекунад. Ворид кардани Рӯзи Президент ба тақвими санаҳои сиёсиву таърихии  кишвар тақозои давру замон ва хоҳишу мароми миллати тоҷик буда, яке аз  рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муосири мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин рӯз бозтоби ҳамдилию иттиҳоди халқи тоҷик мебошад ва айни замон аз эътиқоду боварии самимӣ ба Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он сарваронест, ки шахсияти сиёсии ӯ аз соли аввали ба роҳбарии кишвар расидан моҳ ба моҳ ва сол ба сол рушд намудаву тақвият ёфта, имрӯз дар сафи бузургтарин сиёсатмадорони олам қарор доранд”.

Ҳунармандони маъруфи Бадахшон аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз, Шуғнону Рӯшон, Ишкошиму Мурғоб бо рақсу таронаҳои дилангези худ  аҳли толорро ба ваҷд оварданд.

Ноябрь 16, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд