Густариши ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб

Ноябрь 22, 2017 15:12

ДУШАНБЕ, 22.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Сафири навтаъйини Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир вохӯрӣ доир намуд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода  Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобирро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, изҳор дошт, ки мавсуф бо фаъолияти пурсамари дипломатиаш ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб мусоидат хоҳад кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва истирдоди шахсони ҷинояткор изҳори назар карданд.

Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкории дуҷониба бо Амороти Муттаҳидаи Араб якчанд созишномаҳо ба имзо расонида шуда, заминаи ҳуқуқӣ дар ин самт фароҳам оварда шудааст.

Муҳаммад Аҳмад Ал-Ҷобир тақвият бахшидани мубодилаи иттилоотро дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва шахсони дар кофтуков қарордошта муҳим арзёбӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки мақомоти ҳарду ҷониб бояд дар самти таъмини амният бо Ташкилоти Байналмилалии Полиси ҷиноятӣ «Интерпол» ва Сарраёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкории бештар дошта бошанд.

 

 

Ноябрь 22, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд