Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ
ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев иштирок карданд.
Нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баъди баррасии вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи таъмини амнияти кафолати мамлакатҳои аъзои созмон, инчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис муайян карда шуданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласаро ба мушкилоти сайёра, таҳдидҳои глобалӣ ва минтақавӣ ба амнияти кишварҳои аъзо ва зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро махсус таъкид карда, иброз доштанд, ки афзоиши терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ дар назди мо вазифаҳои навро мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар диққати шариконро ба тақвият додани таҳкими ҳифз ва ҳимояи сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун марзи ҷанубии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҷалб намуданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки Нақшаи амалигардонии Стратегияи амнияти дастаҷамъӣ то соли ду ҳазору бисту панҷ ва қарорҳои имрӯз қабулшуда дар ҳалли масъалаҳои хеле душвор барои таъмини амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмон ҳиссагузор хоҳад буд.
Дар охири кори ҷаласаи навбатӣ Баёнияи муштараки Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба 25-солагии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15-солагии таъсисёбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қабул гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






