КИТОБИ БАХТИ МИЛЛАТ. Конститутсияи Тоҷикистон имрӯз низ пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро талқин мекунад
ДУШАНБЕ, 06.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Китоби бахти тоҷикон, яъне Конститутсияи Тоҷикистон имсол бистусесола мешавад. Дар ин бора — мулоҳизаҳои Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ “Ховар”:
Конститутсияи мо 23-сола мешавад, аммо миллати куҳанбунёди мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш Конститутсияи дар ҷаҳон эътирофшудаи худро доштааст. Матни нусхаи асли Эъломияи ҳуқуқи башар, ки шоҳи нахустини Хаҳоманишӣ Куруши Кабир ҳанӯз солҳои 500-уми то мелод эҷод кардаву ба инсоният пешниҳод карда буд, имрӯз ҳам дар роҳрави ошёнаи дуюми бинои СММ, мобайни толорҳои Шӯрои бехатарӣ ва аудиторияҳои шӯроҳои иқтисодию иҷтимоӣ чун намунаи аввалин конститутсияҳои башар ба маърази намоиш гузошта шудааст. Имрӯз аниқ шудааст, ки ин нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар буда, бунёди аввалин Конститутсияи инсониятро 2500 сол пеш дар сарзамини форс гузоштааст.
Куруши Кабир нахустин ҳукмрон дар таърих буд, ки ба сокинони империяи бузурги худ озодии интихоби дин ва эътиқоди диниро тақдим намуда, ҷонибдорияшро ба принсипҳои инсондӯстӣ, озодӣ ва адолат, новобаста ба мансубияти эътимодиву қабилавиву нажодӣ эълон намудааст.
Бубинед, ки ҳанӯз дуюним ҳазор сол пеш Куруши Кабир ба олам чунин хитоб карда буд:
“Ман имрӯз эълом мекунам, ки ҳар кас озод аст, ки ҳар динеро, ки майл дорад, бипарастад ва дар ҳар нуқта, ки майл дорад, сукунат кунад, ба шарти он ки дар он ҷо ҳаққи касеро ғасб нанамояд ва ҳар шуғлеро, ки майл дорад, пеш бигирад ва моли худро ба ҳар наҳв, ки моил аст, ба масраф расонад, ба шарте ки латма ба ҳуқуқи дигарон назанад. Ҳеҷ касро набояд ба муносибати тақсире, ки яке аз хешовандонаш карда, муҷозот кард (ҷазо дод). Ман бардадориро( ғуломдориро) барандохтам. Ба бадбахтиҳои онҳо поён бахшидам..
… То рӯзе,ки подшоҳи Эрон ҳастам, нахоҳам гузошт, касе бар дигаре зулм кунад ва агар шахсе мазлум воқеъ шуд, ҳаққи вайро аз золим хоҳам гирифт ва ба он хоҳам дод ”.
Чунон ки мебинед, Эъломияи Куруши Кабир бар адолат, некӣ ва хайрхоҳӣ бунёд ёфтааст. Агар мо онро бо Конститутсияи навини кишварамон муқоиса кунем, як ҳамоҳангӣ ва умумиятро дармеёбем. зеро Конститутсияи кишвари мо низ бунёди худро тибқи таълимоти гузаштагон бо таҳкурсии некӣ ва хайрхоҳӣ гузоштааст. Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек имрӯз ҳам раҳнамои Конститутсияи кишвари мост.
Иқдомҳои сулҳҷӯёнаву инсонпарваронаи Пешвои миллати мо, ки сиёсати “дарҳои кушод”-ро пеш гирифта, мекӯшад бо ҳама кишварҳои хайрхоҳи олам муносибатҳои дӯстона барқарор намуда, ҷабру зулм ва сиёсати истисморгаронаи террористиро ҳамеша маҳкум кунад, низ чун сиёсати солим ва некманишона дар ҷаҳони имрӯза эътироф гардидааст. Ин сиёсати дурандешонаи Пешвои миллати мо шабоҳате ба сиёсати онвақтаи Куруши Кабир дорад, зеро ҳокимони даврони эллинӣ Куруши Кабирро, пеш аз ҳама, қонунофари бузург ва сиёсатмадори нобиғае, ки ба муқобили ҷабру зулми ҳукуматҳои бобуливу осурӣ баромада, таҷрибаи ҳамгароӣ ва омезиши аҳолӣ дар доираи кишвари ягонаро бидуни имтиёзҳо барои миллати баландмақом ва расму суннатҳои динӣ, бидуни қатли ом ва мусофирати иҷбории сокинони сарбардошта амалӣ кардааст, эътироф намудаанд. Дар китоби муқаддаси “Инҷил” (Ветхий Завет) ӯро барои иҷозати баргашти чил ҳазор яҳудӣ аз асорати бобулиҳо ба заминҳои Фаластин (с.539) ситудаанд. Муаллифони антиқа ӯро чун хирадпешае ёд кардаанд, ки Искандари Мақдунӣ намунаи ибрат дониставу ба ӯ арҷ мегузоштааст.
Азбаски Куруши Кабир эътиқодманди дини зардуштӣ буд ва дини зардуштӣ бунёди худро ба таълимоте, ки шиораш: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек буд,таълиф додааст, эъломияи худро дар ин зербун, яъне покиву нексириштӣ бунёд гузоштааст.
Конститутсияи ҳар кишвар шиносномаи халқ ва ҳуҷҷати ҳувияти он кишвар мебошад. Он сатҳи инсонӣ ва маърифату фарҳангу мароми сиёсии ҳар мамлакат ифода карда, чеҳраи инсониву сиёсии онро ҷилвагар месозад. Конститутсия оинаест, ки дар он симои маънавии он кишвар таҷассум меёбад. Мардуми тоҷик, ки соҳиби яке аз беҳтарин Конститутсия ва ҳуқуқномаи таърихии башардӯстонаи дунё будаасту бо он дар таърих обрӯву эътибори хоса дорад, имрӯз, баъд аз ёфтани истиқлолияти миллӣ, табиист, ки Конститутсияи навину такмилёфтаву эътирофгардидаи худро бунёд гузоштааст.
Халқи куҳанбунёди тоҷик, ки дар замони Шӯравӣ соҳиби Конститутсияи сотсиалистии Шӯравии худ гардид ва ин Конститутсия шохаи яке аз конститутсияҳои эътирофгардидаи яке аз кишварҳои соҳибмақоми олам — Иттифоқи Советӣ буд, баъд аз озодӣ ва Истиқлолияти миллӣ Конститутсияи миллии худро бо назардошти ҳадафҳои баланди миллӣ, хислату суннатҳои инсонпарваронаву башардӯстонаву хайрхоҳонаи худ, ки хоси ин миллати соҳибтамаддун аст, аз нав бунёд гузошт.
Нахустин вожаву ҷумлаҳое, ки бо он Конститутсияи тоҷикон оғоз меёбад, мисли савганд, мисли ниёиш садо медиҳанд ва мавқеи устувори инсониву миллии халқи мо, давлати мо, масъулияти баланди башарии ӯро хеле равшану возеҳ ва боэътимоду боварибахш баён мекунанд:
“МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,
қисми ҷудо нашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда,
худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,
таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,
озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида,
баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,
бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,
ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН
МЕНАМОЕМ.”
Дар ин оғоз арҷгузорӣ ба гузашта, вазифадориву масъулият дар назди имрӯз ва ҳадафҳои волое, ки моро ба оянда умед мебахшанд, хеле равшану возеҳ баён шудаанд. Аввалан, дар ин изҳор халқи тоҷик худро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷудо намегузорад. Бартарӣ ва афзалият бар дигар миллатҳоро ба худ шоиста намедонад ва ягонагии инсонҳоро, ки ҳама зодаи як ҷавҳаранд, баён мекунад, чунон ки ин андеша дар гуфтаҳои бузургони мо баён ёфтааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. (Саъдӣ)
Дар ин сатрҳои оғози Конститутсияи мо қиматтарин неъматҳои инсоният, ки инсонҳоро шарафу неру мебахшанд, – озодӣ ва ҳуқуқи шахс ва муқаддас дониста шудани он дар мадди аввал гузашта шудаанд. Ва ибораҳои умедбахшу нерубахш чун баробарҳуқуқӣ, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо ва ҷомеаи адолатпарвар моро ба ояндаи нек дилпур мегардонанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 қабул гардид, яъне имрӯз аз ин санаи таърихиву фараҳбахш 23 сол гузаштааст. Имрӯз, баъд аз гузашти ин марҳила, дар як муддати дар назди таърих хеле кӯтоҳ аллакай имтиҳонҳои зиндагӣ, вазъи сиёсии олам нишон дод, ки давлати соҳибистиқлоли мо, Сарвари кишвари мо, халқи заҳматкаши мо роҳи дурустро интихоб карда будаанд ва ин нахустин моддаи Конститутсияи мо мақсаду марому мавқею ҳадафи давлати моро муайян мекунад ва симои онро дар партави равшани беғаразу хайрхоҳона таҷассум месозад: Яъне “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.
Дар ин моддаи Конститутсия симои равшан ва неки кишвари мо, ки мардуми оламро ба муносибати нек, дӯстиву бародариву ҳамҷаворӣ даъват мекунад, таҷассум ёфтааст. Зеро демократӣ будан, дунявӣ будан далолат ба ҳамзистии осоишта, хайрхоҳӣ ва накӯкорӣ дорад. Дар ҳамин моддаи аввал ҳадафи воло ва асосиву ниҳоии кишвари мо, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ аст, дар ин сатрҳо баён ёфтааст: “Давлати Тоҷикистон барои ҳар як инсон шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад ”. Яъне, ҳадафи олӣ некуаҳволии халқ ҳаст.
Конститутсияи нави Тоҷикистон барои мардуми мо мужда аз имтиёзҳову дастовардҳои зиёди миллӣ овард, ки яке аз қиматтарини онҳо забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикист. Ин моддаи Конститутсия яке аз пирӯзиҳои Истиқлолияти Тоҷикистон аст. Ин модда имкон дод, ки барои эҳёву рушди тозаи забони тоҷикӣ кӯшишу талош оғоз ёбад ва ба манфиати рушди забонамон истифода кардани он ба ҳамаи мо вобастагӣ дорад, вобастагӣ ба он дорад, ки масъулият ва вазифадориамонро ҳар яки мо то куҷо эҳсос мекунем, то қарзи шаҳрвандиву ватандории худро дар назди таърих иҷро кунем. Забонеро, ки ба шарофати он миллати мо зинда мондааст, забонеро, ки дар худ ҳамаи дороиҳои моро маҳфуз доштааст, забонеро, ки бе он мо наметавонем вуҷуд дошта бошем, эҳё ва умри дубора бахшем ва аз гарду чангҳое, ки бар сараш нишастааст, покиза кунем, аз хатаре ки таҳдид ба ҳастии ӯ мекунад, дур андозем.
Конститутсияи навини Тоҷикистон ба мо имконият дод, ки ба рамзҳои давлатии кишварамон эҳёи дубора бахшем. Дар ин ҷода низ корҳои мондагоре карда шудаанд, ки рамзҳои муқаддаси давлатии моро дар сатҳи байналмилалӣ обрӯву нуфузи тоза бахшиданд ва кулли мардуми кишвар бо ин рамзҳо ифтихор доранд. Ин рамзҳо, ки нишонаи пирӯзии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз ҳастанд, ба мо сарбаландиву ифтихор мебахшанд.
Конститутсияи мо олитарин арзишҳои инсониро барои сокинони кишвари мо қоил аст, ки инҳо “инсон, ҳуқуқ ва арзишҳои он”,“ҳаёт, қадр, номус” ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ва дахлнопазир будани онҳост. Ва аз ҳама муҳим, ба “эътироф, риоя ва ҳифзи” онҳо давлат кафолат медиҳад.
Дар кишвари мо мувофиқи Конститутсия ирода ва армони халқ, соҳибихтиёрии он сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Ва ҳар коре, ки давлат пайгирӣ мекунад ва ба иҷро мерасонад, дар асоси ҳамин иродаи халқ аст. Намояндагони халқ, онҳое, ки халқ онҳоро интихоб ва вакили худ намудааст, пеш аз ҳама, арзу дархост, иродаву армонҳои кулли аҳолии кишварро баён намудаву ба иҷро мерасонанд ва ҳимоя менамоянд.
Албатта, метавон дар мавриди ҳар моддаву ҳар ибораву мафҳуми Конститутсия тафсиру шарҳи муфассал дод, онҳоро маънидод кард, зеро дар зимни ҳар яке аз онҳо масъалаҳои зиёди марбут ба рӯзгори ичтимоиву сохтори давлатӣ, дурнамои зиндагии мардум ифода ёфтаанд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ғоя ва афкори асосие, ки аз иҷрои он оромӣ, осоиштагӣ, пешрафту шукуфоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дар маҷмӯъ пирӯзии халқи мо вобастагӣ дорад, баён ёфтаанд.
Дар асоси ин Конститутсия ҳар шаҳрванди Тоҷикистон чи дар дохили кишвар, чи дар хориҷ аз он, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ва ғояти ин ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳо дар моддаи 17-и Конститутсия чунин баён шудааст:
“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи ичтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқи озодиро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.”
Ё дар моддаи 16 омадааст: “Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад”. Дар моддаи 18 омадааст: “дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад” ва ғайра.
Вақте Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мехонед, дар дили шумо ҳисси ифтихори миллӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ бедор мешавад. Ифтихор аз ин қонунҳое, ки ҳадафашон, пеш аз ҳама, ғамхории инсонҳо ва шаҳрвандони одист. Гумон мекунам, ки ин қонунҳо, агар риоя ва амалӣ шаванд, зиндагии шоистаи ҳар як нафарро кафолат дода, ҳастии озоду пурсаодат, имкониятҳои ҳамаҷониба хубу мусоидро барои ҳар яки мо фароҳам оварда метавонанд.
Аммо ҳамаҷониба намунаи ибрат ва беҳтарин будани ин Конститутсия ҳанӯз ними кор аст. Ними дигар риоя ва татбиқи он дар зиндагист, ки вобастагӣ ба тамоми шаҳрвандон, ҳама сокинони кишвар дорад, сарфи назар аз мансабу вазифа ва мавқеи ичтимоӣ. Ва ҳатто шахсони мансабу вазифадор бештар масъули амалӣ шудани он ҳастанд.
Биёед, чанд савол гузорем. Оё мо ин Конститутсияро ҳама хондаву аз худ намудаем? Оё дар асоси донише, ки аз он бардоштаем, барои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсии худ, ҳуқуқҳои ҷомеа ва кишвар комилан омода ҳастем? Ҳуқуқҳои худро дар ҳама маврид медонем ва риояву талаб мекунем? Оё шаҳрвандони мо, ки дар хориҷи кишвар мавриди таъқибу гирифторӣ қарор мегиранду намедонанд чӣ кор кунанд, аз он сабаб нест, ки ҳуқуқашонро хуб намедонанд ва аз ин рӯ наметавонанд онро ҳимоя кунанд?
Албатта, ҳамеша ёфт мешаванд қонуншиканҳо, ҳатто дар байни ҳомиёни қонун ҳам. Аммо то куҷо мо, ҷомеа, кулли шаҳрвандон омодаем, ки қонунро ҳифз ва пуштибонӣ кунем ва барои иҷрои он мусоидат намуда, ба вайрон кардани он роҳ надиҳем? Ҳамеша дар назар дошта бошем, ки Конститутсияи Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллии мост, ки шояд муқаддастар аз ҳама муқаддасот аст, зеро кафолати ҳифзу ҳимояи ҳама муқаддасоти дигар ба пойдории ҳамин муқаддасот вобастагӣ дорад.
Дар моддаи 30-юми Конститутсия омадааст: “Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи озодии истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад ”. Воқеан ин ҳуқуқ ҳадафи баланди демократӣ дошта, аз ҷониби матбуоти мо хеле хуш истиқбол гардидаву фавран мавриди истифода қарор гирифт. Мо метавонем ифтихор кунем, ки давлати Тоҷикистон ба сухан ва озодии он чунин арҷ мегузорад ва ин озодиро дар кишвари мо муяссар гардонидааст.
Аммо оё ҳама ноширону қаламбадастони мо ба қабули озодии сухан омодаанд ва ин мафҳумро дуруст фаҳмидаанд? Оё баъзе нашрияҳои мо суиистифода аз озодии суханро аз ҳад нагузаронидаанд?
Озодии сухан ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳарчи ба забон ояд, бигӯянд, ҳар касеро хоҳанд, таҳқиру тӯҳмат кунанд, ба иззати нафси мардум расанд, одитарин одоби муоширатро риоя нанамоянд, бе далел одамонро таҳқир кунанд, гунаҳгор созанд, касерову чизеро ва ҳатто қонунро ба эътибор нагиранд ва ин ҳамаро бе мулоҳиза ба чоп расонанду интишор диҳанд.
Ҳол он ки дар ҳамон моддаи 30–юми Конститутсия омадааст: “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати ичтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.
Аз ин рӯ дарки Конститутсия набояд сатҳӣ ва яктарафа сурат бигирад. Зеро риояи дастурҳои Конститутсия ба мо зиндагӣ ва кору ҳастии адолатмандона ва ҳадафи неку натиҷаҳои некдоштаро муҳайё месозад.
Дар риояву амалӣ шудани Конститутсия дарки шахсии ҳар шаҳрванд ва масъулияти баланди ӯ нақши ҳалкунанда мебозад. То он мавриде, ки тамоми ҷомеаи мо масъулияти худро дар иҷрову риояи Конститутсияи кишварамон бо камоли масъулият ва фаҳмиш, ақаллан барои манфиати шахси худаш дарк, риоя ва иҷро накунад, мо наметавонем ба ҳадафҳои олии худ бирасем, ҷомеаи солиму пешраванда бисозем, ҳам дар сарзамини худ ва ҳам дар хориҷи он сарбаланду пирӯз бошем.
Мо танҳо чанд нуктаеро аз Конститутсияи кишвар мавриди андешаву гуфтор қарор додем, ҳол он ки ҳар боб, ҳар модда ва ҳар сатри он метавонад мавзӯи мақолаҳову тадқиқоту пажӯҳишҳо қарор гирад ва ҷомеашиносону олимону муҳаққиқону қаламкашони мо вазифадоранд, ки ин корҳоро бо ҳадафи амалӣ сохтани дастурҳо ва ғояҳои баланди миллии Конститутсияи кишвар пайгирӣ кунанд.
Бояд ҳар шаҳрванди кишвар фаҳмад, ки донистани Конститутсия, пеш аз ҳама, донистани ҳуқуқу имкониятҳои худ мебошад ва ин дониш имконият медиҳад, ки аз худ ва ҳуқуқҳои худ ҳамеша истифода барем ва дифоъ кунем. Иҷрои Конститутсия ва амалӣ сохтани он зиндагии ободу озод ва хушбахтонаи фардоро кафолат медиҳад.
Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ “Ховар”