КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гурӯҳи охирини муҳоҷирони дар Оқсарой боздоштшударо ба Душанбе баргардонид

Ноябрь 24, 2017 15:13

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 22 ноябр бо мусоидати ҳайати масъули КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таҳти роҳбарии сардори КВ мусофирбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Шералӣ Қурбонов гурӯҳи охирини муҳоҷирони боздоштшуда дар бунгоҳи назоратӣ дар сарҳади Россия ва Қазоқистон бо қатораҳо ба Душанбе баргардонида шуданд.

Онҳоро дар ин сафар хабарнигори АМИТ «Ховар» аз истгоҳи ноҳияи Турсунзода то шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуда, муддати 40 дақиқа имконият пайдо кард, ки аз аҳволашон воқиф шуда, сабабҳои ба ин мушкилот дучор шуданашонро пурсад.

Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи 17-нафара аз ҷумлаи он 229 нафар муҳоҷиронест, ки бо далелҳои гуногуни вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати Россия аз 2 то 14 ноябр аз қатораҳои хатсайри Москва-Душанбе ва Москва-Хуҷанд фароварда шуда буданд.

Ғаниҷон Сулаймонов, Шаҳриддин Пиров, сокинони ноҳияи Панҷ, Фатҳиддин Мирзоев аз шаҳри Ваҳдат ва Шермуҳаммад Шарифов аз ноҳияи Дӯстӣ аз ҷумлаи нафароне буданд, ки 15 ноябр аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия бо сабабҳои гузаштани муҳлати будубош дар кишвари иқомат боздошта шуданд.  Онҳо танҳо баъди гирифтани қарори суд бо супоридани ҷарима дар ҳаҷми 2000 рубли русӣ ҳуқуқи ба Ватан баргаштан пайдо намуданд. Ба нақли онҳо, ин ҳолат боиси саргардонии чандрӯза, хароҷоти иловагӣ барои ҷарима ва дар шароити номусоид нигаҳдорӣ шудани онҳо гардид. «Баъди омадани ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Роҳи оҳани Тоҷикистон мо дар вагонҳо бо рахти хоб ва ғизои бепул таъмин шудем. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон минатдорем, ки моро ройгон ба Ватан баргардониданд»,-изҳор намуданд онҳо.

Аз суҳбат бо муҳоҷирон маълум гардид, ки онҳо бо сабабҳои гузаштани муҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ, надоштани иҷозатномаи корӣ (патент), қайди ҷои зист ва риоя накардани талаботи дохилии Федератсия Россия аз қатораҳо фароварда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Тавре сардори котиботи раёсати КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Анвар Латифзода изҳор намуд: «Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳи оҳани Тоҷикистон иқдом гирифт, ки мусофирон-муҳоҷирони тоҷикеро, ки дар истгоҳи Оқсарой аз қатораҳои хатсайри Москва-Душанбе ва Москва-Хуҷанд фароварда шуданд, ба тариқи ройгон ба Ватан интиқол диҳад. Ва имрӯз, 24 ноябр гурӯҳи охирини ин муҳоҷирон, ки аз 29 нафар иборат аст, бо қатораҳои самти Москва-Душанбе ва Москва-Хуҷанд аз Оқсарой ба Тоҷикистон мерасанд».

Дар робита ба ин қазия хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода ҳамсуҳбат гардид.

Нурулло Маҳмадуллозода зикр намуд, ки вақтҳои охир як қисм шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия  мақсади вурудашонро дар корти муҳоҷиратӣ “шахсӣ” (частный) нишон дода, танҳо бо қайди муҳоҷиратӣ, бидуни гирифтани патент будубош ва фаъолияти меҳнатӣ намуда, дар давоми ҳар се моҳ сарҳади давлати Россияро бо кишвари сеюм, аз ҷумла, бо Украина, Қазоқистон ва ғайра убур менамоянд. Айни ҳол аксари муҳоҷирон барои убури сарҳад ба самти Ҷумҳурии Қазоқистон мераванд, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, ба ҳаёту саломатии муҳоҷирон хатари зиёд дорад. Зеро ҳангоми рафтуомад ба сарҳад ҳолатҳои зиёди дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидан ва ҷароҳатҳои вазнин бардоштани шаҳрвандони мо рух медиҳанд.

“Қисми зиёди он муҳоҷироне, ки ҳангоми бозгашт ба Ватан тавассути қатора дар бунгоҳи назорати сарҳадӣ дар вилояти Оқсаройи Ҷумҳурии Қазоқистон боздошт шудаанд, бо сабабҳои вайрон намудани муҳлати будубош дар ҳудуди Россия, яъне бе патент  давоми ҳар се моҳ танҳо убури сарҳад намуда, дар маҷмӯъ аз 90 рўз бештар будубош ва фаъолияти меҳнатӣ карда, қонунҳои муҳоҷирати кориро риоя накардаанд. Бояд зикр намуд, ки убури сарҳад дар давоми ҳар се моҳ қоидавайронкунии маъмурӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд боиси манъ гаштани воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба Россия мегардад”,-гуфт Нурулло Маҳмадуллозода.

Номбурда аз фурсат истифода бурда, ба муҳоҷирон муроҷиат кард, ки ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия патенти корияшонро ба расмият дароранд, зеро патенти корӣ то як сол ва тамдиди минбаъдаи он то 3 сол ҳуқуқ медиҳад, ки шаҳрвандони мо бидуни убури сарҳад дар ин кишвар  будубош ва  фаъолияти меҳнатӣ намоянд. Ба ҳеҷ ваҷҳ убури сарҳади давлатии Федератсияи Россияро бо кишвари сеюм бо мақсади тамдиди муҳлати будубош анҷом надиҳанд, зеро он ғайриқонунӣ буда, оқибатҳои ногувор ба бор меорад.

Ба маълумоти номбурда,  дар айни ҳол роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти салоҳиятдори Россия гуфтушунидҳо анҷом дода истодааст ва  умед аст, ки рӯзҳои наздик ин мушкилот ҳалли худро меёбад.

Мавҷуда АНВАРӢ,

АМИТ “Ховар”

Ноябрь 24, 2017 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст