М.Хидирзода: «Фаъолияти занони Хатлон дар ҳамаи бахшҳо назаррас аст»

Ноябрь 29, 2017 13:21

ҚӮРҒОНТЕППА, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи  навбатии  Шӯрои  занони  назди  Раёсати кор  бо  занон  ва  оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти   Хатлон  баргузор  гардид.  Дар он аъзои  Шӯро  маърӯзаи  муовини   сардори  Раёсати кор  бо  занон  ва  оилаи  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  вилояти   Хатлонро  шунида,  муҳокима намуданд.

Дар  ҷаласа  муовини  раиси  вилояти Хатлон  Махфират Хидирзода  иброз дошт, ки  тайи  солҳои  охир  дар  кори Шӯрои  занони  вилоят  пешравиҳои  назаррас ба амал омаданд.

«Фаъолияти занони  Хатлон  дар ҳамаи  бахшҳо назаррас  аст.  Корҳои муайян  оид ба  пешгирии  зӯроварӣ ва  таъсиси  Мактаби  духтарони сарвар ба сомон расонида шудаанд.  Ҳамзамон  занони  вилоят  аз  грантҳои раиси  вилояти Хатлон  бархурдор  ҳастанд.  Фаъолнокии занон  дар  соҳаи илм  низ  ба назар расида,  захираҳои зеҳнии  занон  имконият медиҳад,  ки дар соҳаи илмҳои техникӣ ба пешравиҳо ноил гардем»,- зикр   кард  Махфират  Хидирзода.

Ноябрь 29, 2017 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад