Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф
ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






