НАСЛИ ҶАВОНИ МИЛЛАТЕМ! 10 ноябр-Рӯзи байналмилалии ҷавонон

Ноябрь 10, 2017 10:36

ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ифтихори таъсиси Федератсияи умумиҷаҳонии демократии ҷавонон (ВФДМ) (World Federation of Democratic Youth, WFDY) ба миён омада буд.  Гуфта мешавад, ки соли 1945 аз 29 октябр то 10 ноябр дар шаҳри Лондон Конфронси умумиҷаҳонии ҷавонон баргузор шуд, ки  он барои таъсиси ин рӯз сабаб гардид.

Ҷавонон  ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Тавре маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ҳамчун неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа  эътироф шудаанд.

Имрӯз нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас буда, дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардид. Ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамуҳлати соҳавӣ татбиқ мешавад.

Тавре Зубайдулло Маҳмадуллоев, корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, баробари ба даст овардани Истиқлолият зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омад. Новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ин масъалаи муҳим дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор гирифт. Баъди 6 моҳи  ба даст овардани  Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  13 марти соли 1992 «Қонун дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»  тасдиқ гардид.  Дар заминаи қонуни мазкур  «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва чандин барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013- 2015 ва 2016 -2018» қабул гардида, ҳоло дар ҷараёни амалишавӣ қарор доранд.

«Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат ва хусусан  Пешвои миллат ба насли ҷавон буд, ки соли 2017  Соли ҷавонон эълон гардид. Ин иқдом боис  шуд, ки    масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми қувваю имконияти худро баҳри тарбияи насли доно, соҳибмаърифат ва боистеъдод сарф намуда, мутахассисони баландпояро баҳри пешрафту шукуфоии Ватан омода намоянд»,- гуфт Зубайдулло Маҳмадуллоев.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба  ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва ҳимоя намоянд. Хусусан ғолибияти Ёсуман Исмонзода  ва Манижа Тошболтаева дар озмуни «Кӯдакони нобиға» (“GeniusKid-2017”)-и шабакаи телевизионии «Россия-1», иштироки толибилмони макотиби миёна ва олӣ дар олимпиадаҳои минтақавию байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик,  аз ҷумла Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Анвар Юнусов дар мусобиқаҳои дохиливу ҷаҳонӣ тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён ва аҳолии кишвар дар масъалаи ҷавонон алоҳида сухан гуфта, даъват ба амал меоранд, ки имрӯз ба масъалаи илмомӯзӣ ва касбомӯзии ҷавонон бояд ҷиддан машғул шуд. Ба гуфтаи Сарвари давлат: «имрӯз тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши ҷавонон гузошта шудааст».

      Ҳамчунин Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ дар мавриди ҷавонон чунин таъкид намудаанд: «Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем. Кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…».

      Ба иттилои масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон    зиёда аз ҳаштуним ҳазор иншооти варзишӣ дар ихтиёри ҷавонону наврасон қарор дода шудааст. Имсол бахшида ба Соли ҷавонон дар пойтахти кишвар зиёда аз 80 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар назар аст, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Ҷавонони мо имрӯз бо заковати баланди инсонӣ ва дарки амиқи хештаншиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон нақши созанда мегузоранд. Саҳми онҳо дар пешрафти мамлакат арзанда арзёбӣ  гардида, имрӯз онҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин насли ояндасози ҷамъият умеди зиёд дорад, зеро ояндаи мамлакат ба заковату қобилияти насли ҷавони бунёдкор сахт алоқаманд аст.

 

 

Ноябрь 10, 2017 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид