«Оқилаҳои Ваҳдат» — намоиши адабӣ-мусиқӣ дар шаҳри Ваҳдат

Ноябрь 4, 2017 10:48

ВАҲДАТ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат  дар кохи Маърифати шаҳр зери унвони «Оқилаҳои Ваҳдат» бо иштироки  ду бонуи оқилаву доно ва кордон-  директори Маркази табобатию ташхисии «Шафқат» Манзура Ғафурова ва  роҳбари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Сабоҳат Раҳимзода намоиши адабӣ-мусиқӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии дохили шаҳр, мудирони кӯдакистонҳо, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷҳои омору тиббии шаҳр, кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Соҳибзавқ»-и шуъбаи фарҳанг ва кормандони китобхонаи марказии шаҳр  ширкат намуда, аз суҳбату насиҳатҳои модаронаи қаҳрамонони намоиш, ки  дарси кушоди тарбиявиро мемонд,  ғизои маънавӣ гирифтанд.

Зикр гардид, ки дар сатҳи баланд доир намудани ин гуна барномаҳо аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.  Имрӯз бонувон ҳам метавонанд озодона ба соҳибкорӣ машғул шаванд,   фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пос доштани обу хоки диёри аҷдодӣ  тарбия намоянд. Ҷавононро мебояд ба чунин чеҳраҳои варзида пайравӣ намуда, дар пешбурди зиндагии худ аз таҷрибаи онҳо омӯзанд ва дар рушди босуботи Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд.

Ноябрь 4, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад