Оғози бунёди як қатор иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб
ДУШАНБЕ, 9.11.2017 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.
Нахуст дар маҳалли сохтмони терминали нақлиётӣ, ки идомаи бунёди терминалҳои муосири нақлиёти мусофиркашу боркашонӣ мебошад, Сарвари давлат бо мавзеи бунёд ва тарҳи лоиҳаи он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки терминали нақлиётӣ дар қисми шимолии шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 5,80 гектар ба нақша гирифта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар самти Ғарбии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, назди соҳили дарёи Варзоб ва чорроҳаи Чорбоғ бунёд хоҳад гашт.
Маблағи умумии корҳои сохтмонии Терминали мазкур 7,5 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс” бунёд карда мешавад. Лоиҳаи терминали муосир аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” таҳия шудааст.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он 60 нафар сокинони шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Дар ин терминал анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот, таваққуфгоҳҳо барои воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, меҳмонхона, маркази логистикӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, маркази таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар инфрасохтори зарурӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои ронандагону мусофирон ва меҳмонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам оварда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2014 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармояи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс” дар ҳудуди шаҳри Душанбе Терминали байналмилалӣ ифтитоҳ гардида буд. Зимни ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст дастур дода буданд, ки шумораи чунин терминалҳои муосири ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёд карда шаванд. Бо мақсади дар амал татбиқ кардани ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиквнештранс”дар атрофи дарвозаи даромадгоҳи ҷанубии шоҳроҳи “Душанбе-Қӯрғонтеппа” Терминали байниминтақавӣ сохта ва ба истифода дода шуд.
Ҳадаф аз бунёди терминал дар қисми шимолии шаҳри Душанбе ба як низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш, ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт, халалдор нагаштани будубоши сокинони маҳалҳои гирду атроф ва меҳмонон, инчунин таъмини амнияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошад. Аз дигар ҷиҳат бунёди терминали замонавӣ ба даромадгоҳи пойтахт ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Минбаъд низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки соҳибкорон, ба хотири ба низоми муайян даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш бунёди чунин иншооти замонавиро идома медиҳанд.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Варзоб дастур доданд, ки қад — қади шоҳроҳ аз ду тараф ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида, ба тозагии муҳити зист аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Мавриди зикри хос аст, ки терминал дар заминҳои бекорхобидаю партовгоҳ бунёд мешавад. Соҳибкорон мақсад доранд бо сохтмони иншоот ин ҷойи вайронаю харобазорро ба як мавзеи зебову дилнишин табдил диҳанд.
Баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди терминали нақлиётӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.
Сипас, дар маҳалли дигари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои азнавсозии “Кӯли Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуданд.
Бо мақсади ободу зебо намудани кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифтанд, “Кули Варзоб”, воқеъ дар шафати шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”-ро дар назди соҳили дарёи Варзоб азнавсозӣ намоянд.
Маблағи корҳои азнавсозӣ дар кӯл 9 миллион сомониро ташкил дода, пас аз пурра ба анҷом расидани корҳои азнавсозӣ 80 нафар сокинон бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Майдони умумии ҳавзи шиноварӣ 158 ҳазору 787 метри мураббаъ мебошад.
Дар атрофи кӯл барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд мегарданд. Барои истироҳати хуши калонсолон дар кӯл нақлиёти обӣ-гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд. Таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои атрофи кӯл асфалтпӯш карда мешаванд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ шинос шуданд.
Ҳаҷми умумии маблағи сохтмону муҷаҳҳазгардонии корхона бо техникаҳои муосири истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи нав зиёда аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Мақсад аз бунёди коргоҳи саноатӣ — рушди соҳаи саноат, раванди саноатикунонии мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию саноатии ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корию беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар коргоҳ намудҳои гуногуни маҳсулоти сохтмонию саноатӣ, аз қабили газоблок, асфалт, бетон ва хишт истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори солонаи коргоҳи истеҳсоли газоблок 30 миллион адад хишт мебошад.
Иқтидори хати бетонӣ 30 метри мукааб, таҷҳизоти худгарди майдакунӣ 50-100 тонна дар як соат ва корхонаи асфалтбарорӣ 48 тонна дар як соатро ташкил медиҳад.
Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Варзоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки истироҳатгоҳ бо сарфи 10 миллион сомонӣ маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» бунёд мешавад. Тибқи лоиҳаи нақшаи сохтмонию меъморӣ дар ҳудуди истироҳатгоҳ меҳмонхонаи бисёрошёна бо 120 ҷойи хоб бунёд мешавад. Меҳмонхона аз ошхона, тарабхона, толори варзишӣ, толори маҷлис, ҳаммом ва ғайра иборат буда, дар саҳни ҳавлӣ ва лаби дарё ҳавзи оббозӣ ва айвонҳои кушод сохта хоҳанд шуд.
Инчунин дар ҳудуди истироҳатгоҳ таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт сохта шуда, дар гирду атроф ва ҳудуди он шинонидани дарахтону буттаҳо ва гулҳои зебои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бунёди чунин истироҳатгоҳ ва ташкили инфрасохтори замонавӣ дар он ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди соҳаи туризм ва ҷалби шумораи бештари сайёҳон ба мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъсиси 50 ҷойи нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳудуди замини ин Истироҳатгоҳ, ки дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳуриамон — ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, қабл аз ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафед-дара” гузаштан дар ҳолати харобу валангор қарор дошт. Соҳили дарёи Варзоб, ки дар шафати ин истироҳатгоҳ мебошад, дар вазъияти хатарнок ва садамавӣ қарор дошт ва аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» бошад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни идомаи корҳои созандагӣ шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мавзеи зебову дилнишини ноҳияи Варзоб 28 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара»-ро расман ифтитоҳ карда буданд.
Ҳамон вақт Сарвари давлат ба корҳои сохтмонии ба анҷомрасида баҳои баланд дода, ҷиҳати идома додани тадбирҳои созандагӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои нав доданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» як қатор иншооти иловагӣ дар ҳудуди Маҷмаа сохта шуда, бунёди дигар биноҳо идома дорад.
Соли ҷорӣ дар ин ҷо майдони бозии Пейнтбол, майдончаи варзишӣ, Зиплайн, Баги ва майдони аспсаворӣ сохта шуда, барои қабули дӯстдорони ин намудҳои варзиш омода мебошанд.
Роҳи автомобилгарди “Пуғус-Такоб-Сафед-дара”, ки бинобар боришоти зиёди борон ва барф дар ҳолати ногувор қарор мегирад, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷамъият қарор дорад ва дар он корҳои васеъкунию ҳамворкунӣ ба таври доимӣ ба амал бароварда мешаванд.
Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи корҳои сохтмонӣ, ташкили инфрасохтори иловагӣ ва намудҳои нави варзиш аз ҷониби ҷамъият дар ин маҷмаа 6,5 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.
Дар ҳудуди маҷмааи лижаронии “Сафед — дара” барои моҳидорон ҳавз бо 2 ҳазор моҳии фаррел сохта шудааст. Меҳмонон метавонанд бевосита худашон аз ҳавз моҳӣ дошта, дар ҳамин ҷо онро пазанд.
Оянда тибқи нақша илова ба иншооти мавҷуда роҳбарияти Маҷмааи лижаронии “Сафед-дара” ба нақша гирифтааст, ки дар ин мавзеъ аттраксион барои бозиҳои арғамчинӣ, коттеҷҳои дуошёнаи истиқоматӣ, аспхона ва боғи ҳайвонот бо паррандаву ҳайвонҳои нодири хонагию ваҳшӣ, аз қабили уштур, хирс, бузи кӯҳӣ, қутос, навъҳои гуногуни сагҳо, рӯбоҳ, шағол, паланг, шер, кенгуру, маймунҳои мухталиф, шутурмурғ ва ғайра сохта ба истифода диҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин минтақаи дорои табиати нотакрори диёр баҳои баланд дода, ба масъулини соҳа дастур доданд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешанд.
Супориш дода шуд, ки бо сохтмони 5 километр роҳ хати лижаронӣ то ба баландии 3100 метр аз сатҳи баҳр бароварда шуда, имсол ба масофаи 12 километр ва солҳои оянда то ба 20 километр дарозу васеъ карда шавад, то ин ки дар ин ҷо имкони баргузории чорабиниҳои варзишии зимистонаи сатҳи байналмилалӣ муҳайё гардад.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафед-дара” дастур доданд, ки ба хотири ба як мавзеи зебову дилкаш табдил додани маҷмаа дар ҳудуди он гулу буттаҳо ва дарахтони гуногуни ороишию сояафкан шинонанд.
Мавриди зикр аст, ки аз рӯзҳои нахустини ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафед-дара” гузаштани ин мавзеъ ҳар як ваҷаб замини он самаранок истифода карда мешавад. Пеш аз ҳама роҳҳои ин маҳал пурра таъмир карда шуда, ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади мардум дар ҳама фасли сол таъмин гардид. Дар заминҳое, ки барои майдонҳои варзишӣ ва лижаронӣ истифода намешаванд, масъулин дарахтони гуногун шинонда, зироатҳои гуногун кишт мекунанд. Аз ҳама асос, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафед-дара” бо бунёди иншооти гуногуни истироҳатию фароғатӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтааст, ки барои амалӣ кардани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, саҳми арзанда мегузорад.
Бояд гуфт, ки ҳамаи иншооти муҳиме, ки имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёдашон асос гузошта шуд, барои рушди соҳаҳои туризм ва варзиши кишвар дар минтақаи туристии Варзоб аҳамияти муҳим доранд. Баробари сохтмони иншооти номбаршуда, боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбанд, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин иншооти бунёдшаванда бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ беҳтар мегардад.