Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Роҳбарият ва намояндагони ҷавонони вилояти Суғд Сарвари хирадманди тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо сарбаландӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 25 сол қабл дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабр дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев, маъруф ба Қасри Арбоб баргузор гардида буд, бо иродаи кулли депутатҳои Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатмадори оқилу хирадманд Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон — Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид.
Ба муносибати таҷлили ин рӯйдоди муҳими таърихию тақдирсоз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи тантанавӣ баргузор мегардад ва ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Воқеан, ин иҷлосия дар рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.
Ҳамаи ин маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Намояндагони аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ва дар радифи онҳо намояндагони аҳли сиёсат ва фарҳангу зиёиён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва наҷотбахши миллат ва асосгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти афзун ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик чун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд.
Сулҳи тоҷикон ва баъдан пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марбут аст.
Ба ҷашни фархундаи миллӣ, 25 — умин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози миллат — анҷумани саодати миллат кулли мардуми шарафманди тоҷик, тоҷикони бурунмарзӣ ва кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи калон зоҳир менамоянд. Зеро сулҳи тоҷикон-дастоварди нодири таърихӣ ва таҷассумгари хиради азалии мардуми ориёӣ бо талошу пайгириҳои роҳбари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, асоси ҳамаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эътирофи ин падидаи нодир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






