ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+4 ва рӯзона 15-20 дараҷа, дар шарқи ин вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-8 ва рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






